Ин намоишгоҳ аз ҷониби Фонди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи Эрмитаж ташкил шудааст.

Экспозитсия ба фарҳанги бадеии Аморати Бухоро бахшида шуда, 75 нигораро дар бар мегирад, ки анъанаҳои зиндагии дарборӣ, санъати ороишию амалӣ ва ҳунари заргарии Осиёи Марказиро инъикос мекунанд.

Дар намоишгоҳ ашёҳо аз маҷмааҳои осорхонаҳои пешқадами Ӯзбекистон ва Осорхонаи давлатии Эрмитаж ба маъраз гузошта шудаанд. Лоиҳа дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург амалӣ гардидааст.

Намоишгоҳ меҳмононро бо мероси ғании фарҳангии Бухоро, санъати устоҳои дарборӣ ва намунаҳои нодири ҳунари заргарӣ ошно месозад. Ҳамзамон барномаи маърифатӣ, аз ҷумла лексияҳо, консертҳои мусиқии анъанавӣ, дарсҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ низ баргузор мегарданд.

Намоишгоҳ то 4 октябри соли 2026 барои тамошобинон боз хоҳад буд.