Дар маросим мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои экология ва раиси Кумитаи миллӣ оид ба экология ва тағйирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов ва директори генералӣ ва роҳбари стратегӣ ва амалиётии Фонди ҷаҳонии экологӣ Клод Гаскон иштирок намуданд.

Ин маросим оғози яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии экологиро таҷассум кард, ки намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ ва коршиносони муҳити зистро аз саросари ҷаҳон муттаҳид менамояд.

Пас аз қисми расмӣ миёни Котиботи Фонди ҷаҳонии экологӣ ва Кумитаи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба экология ва тағйирёбии иқлим Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳуҷҷат ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба равона шуда, имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ ва табодули касбии кормандони Кумитаи миллиро дар Котиботи ФҶЭ фароҳам меорад.

Дар доираи ёддошт ҷонибҳо инчунин ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ, мубориза бо таназзули заминҳо, идоракунии маводи кимиёвӣ ва партовҳо, инчунин таҳкими робитаҳои институтсионалӣ байни сохторҳои байналмилалӣ ва миллӣ мувофиқа карданд.

Баргузории Ассамблеяи ҳаштуми ФҶЭ дар Ӯзбекистон нақши рӯзафзуни кишварро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии экологӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи рушди устувор тасдиқ менамояд.