Тавре дар ҳокимияти шаҳри Тошканд хабар доданд, волидон
ва хонандагон метавонанд дар ин бозорҳои мактабӣ тамоми ашёи зарурӣ барои оғози
соли таҳсил — либоси мактабӣ, лавозимоти канселярӣ, китобҳои дарсӣ, ҷузвдонҳо
ва дигар молҳои мактабиро харидорӣ кунанд.
«Бозорҳои мактабӣ» дар ҷойҳои зерин ташкил шудаанд:
бозори «Авиасозлар» — дар ҳудуди таваққуфгоҳ;
бозори
«Аския» — дар тарафи рости даромадгоҳ аз ҷониби кӯчаи Шота Руставелӣ ва назди
даромадгоҳи қафо;
бозори
«Чилонзор» — дар чорроҳаи кӯчаҳои Бунёдкор ва Фарҳод, инчунин дар маҳаллаи
Катта Чилонзор-3;
бозори
«Миробад»
— назди даромадгоҳи бозори маҳсулоти хӯроквории Миробад;
бозори
«Наврӯз» — дар ҳудуди бозори асосӣ;
бозори
«Сергели» — дар маҳаллаҳои Сергели-2, Сергели-6, Сергели-7, инчунин дар
минтақаи гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи Сергели-4 ва гирду атрофи бозорҳои
асосии Қӯйлиқ-5;
бозори
«Фарҳод» — назди даромадгоҳи асосӣ ва нуқтаҳои савдои атроф;
бозори
«Эски Жува» — дар ҳудуди бозор ва минтақаи метрои кушода;
бозори
«Юнусобод» — дар ҳудуди бозори маҳсулоти хӯроквории Юнусобод;
бозори
«Қарақамиш» — дар филиали «Тансикбоев»;
маҷмааи
савдои «Чилонзор»;
маҷмааи
савдои «Чорсу»;
маҷмааи
савдои «Урикзор».
«Бозорҳои
мактабӣ» то оғози соли нави таҳсил фаъолият хоҳанд кард ва ба сокинони шаҳр
имкон медиҳанд, ки барои омодагӣ ба дарсҳои кӯдакон тамоми ашёи заруриро дар як
ҷо харидорӣ намоянд.