Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги сейсмопрогнозии ВКД, умқи манбаи заминларза 10 километрро ташкил дод. Координатҳои маркази заминларза: 40,7° арзи шимолӣ ва 73,26° тӯли шарқӣ. Масофа аз маркази заминларза то Тошканд 345 километрро дар самти ҷанубу шарқ ташкил медиҳад.

Қувваи заминларза чунин буд:

ноҳияи Хонобод — 3 балл (25 км аз марказ);

ноҳияи Қӯрғонтеппа — 3 балл (34 км);

ноҳияи Ҷалақудуқ — 2 балл (53 км);

ноҳияи Хоҷаобод — 2 балл (54 км);

ноҳияи Булоқбоши — 2 балл (67 км);

ноҳияи Пахтаобод — 2 балл (75 км);

ноҳияи Андиҷон — 2 балл (76 км).