Тибқи фармон, амалияи қатъ намудани мурофиаи иҷроӣ оид ба баъзе категорияҳо дар асоси қарори иҷрокунандаи давлатӣ дар ҳолатҳои фавти қарздор, фавтида эълон гардидани ё бедарак ҳисобида шудани ӯ ҷорӣ мегардад.
Ҳуқуқи ситонанда барои супоридани ҳуҷҷатҳои иҷроии баъзе категорияҳо (тибқи қонун) ба мақомоти давлатӣ, ташкилот ё шахси мансабдор то оғози иҷрои маҷбурӣ муқаррар карда мешавад. Ба ин категория ҳуҷҷатҳо оид ба ситонидан ба фоидаи шахсони ҳуқуқӣ аз маош ва дигар даромадҳои қарздор — шахси воқеӣ дохил мешаванд.
Аз 1 майи соли 2026 бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ситонидани алимент, тартиби маҳдуд намудани анҷом додани баъзе муомилоти калон, истифодаи баъзе намудҳои хидматрасониҳои молиявӣ, қарзӣ ва давлатӣ ҳангоми мавҷуд будани қарзи алимент то пардохти пурраи он ҷорӣ карда мешавад.
Иҷрои амалҳо оид ба ситонидани ӯҳдадориҳое, ки аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷроӣ вобаста ба қарзҳои мушкил ба вуҷуд омадаанд, ба зиммаи иҷрокунандагони махсуси давлатӣ вогузор мегардад.