Мувофиқи
барномаи сафар, музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Тошканд баргузор гардида,
дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Чехия баррасӣ
мешавад.
Афзоиши
тиҷорати мутақобила, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, энергетикаи
“сабз”, кимиё, дорусозӣ ва нақлиёт дар маркази диққат хоҳанд буд. Ҳамчунин
масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва таълимӣ баррасӣ
мегарданд.
Доир
ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла бобати дастгирии мутақобила дар
майдонҳои бисёрҷониба низ табодули афкор сурат мегирад.
Дар
поёни мулоқот имзои ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар назар аст.
Дар
доираи сафар Сарвазир Андрей Бабиш дар Форуми тиҷоратии Ӯзбекистон – Чехия низ
иштирок мекунад.