Дар мамлакати мо лоиҳаҳои зиёди бузурги сармоягузорӣ татбиқ мегарданд. Аммо корхонаҳои хурду миёнае низ заруранд, ки ба зудӣ ҷойҳои корӣ созмон дода, маҳсулоти ба содирот нигарондашуда истеҳсол намуда, барои аҳолӣ манбаи даромад фароҳам оранд. Дар ин самт имкониятҳои калонтарин дар соҳаҳои саноати маҳаллӣ вуҷуд доранд.
Дар тӯли солҳои охир барои фаъолияти соҳибкорӣ дар ин самт шароити васеъ фароҳам оварда шуданд. Ҳамин тавр, 16 минтақаи хурди саноатии истеҳсоли чарм ташкил карда шуд. Барои лоиҳаҳои нав 40 миллион доллар захираи арзон дода шуд.
Соли гузашта ҳаҷми истеҳсолот дар саноати чарм қариб ба 3 триллион сӯм расид. Аммо нисфи зиёди ин ҳаҷм ба вилоятҳои Андиҷон ва Фарғона рост омад. Дар Қароқалпоқистон, Бухоро, Ҷиззах, Сирдарё ва Хоразм, ки миқдори назарраси пӯст истеҳсол мекунанд, суръати истеҳсолот паст аст.
Дар содироти соҳа ҷойгоҳи маҳсулоти аввалия баланд буда, ҳиссаи маҳсулоти тайёр ҳамагӣ 30 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми коркарди пӯст ҳам ба дараҷаи бояду шояд нест. Имкониятҳои кластерҳои чорводорӣ пурра истифода намешаванд.
Аз ин рӯ, фаъолияти Ассотсиатсияи «Чармсаноат» тағйир дода, ба соҳа Бонки халқӣ вобаста карда мешавад. Якҷоя бо ҳокимони вилоятҳо дар минтақаҳои хурди саноатии чарм лоиҳаҳо ба маблағи 100 миллион доллар ташаккул дода мешаванд.
Инчунин, кластерҳои чарм дар ноҳияҳои Шароф Рашидов ва Оҳангарон ташкил карда мешаванд. Барои сохтмони иншооти тозакунӣ ва бино дар намуди захираи арзон 40 миллион доллар ҷудо карда хоҳад шуд. Ба лоиҳаҳо брендҳои хориҷӣ, ки аз пӯсти табиӣ ва сунъӣ маҳсулот истеҳсол мекунанд, ҷалб карда хоҳанд шуд. Барои ин ҷуброн кардани то 30 ҳазор доллар хароҷоти корхонаҳо барои хидмати сорсинг ба роҳ монда мешавад.
Ба кластерҳои чорвопарварӣ барои хариди зироатҳои хӯроки чорво ва чорвои зотӣ қарзҳои камфоиза дода мешаванд.
Дар ҷамъомад саноати абрешим низ муфассал мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Солҳои охир дар ин самт низоми кластерӣ ҷорӣ карда шуд. Аз ҷумла, 74 кластери кирмакпарварӣ ва 11 корхонаи истеҳсоли пилла ташкил карда шуд. Майдони тутзор аз 40 ҳазор гектар ба 55 ҳазор гектар расонда шуд. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли пиллаи кирмак 2 баробар афзуда, ба 26 ҳазор тонна расид, содироти маҳсулоти абрешимӣ 3 баробар зиёд гардид.
Аммо технологияи парвариши кирмак ва аз касалиҳо муҳофизат кардан ба қадри кофӣ ривоҷ наёфтааст. Дар натиҷа талафот ҳангоми гирифтани пилла нисбатан баланд аст.
Асоси содироти соҳаро ҳанӯз ашёи хом ташкил медиҳад. Ба ин муносибат зарурати коркарди амиқи пилла ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти тайёр, матоъ ва матоъҳои бофандагии хонагӣ таъкид шуд. Ин бояд барои таъмини ҷойгоҳ дар бозори Аврупо, ки 45 фоизи воридоти ҷаҳонии абрешимро ташкил медиҳад, кумак расонад.
Мушкилоти муҳимтарини кирмакпарварӣ пойгоҳи озуқа боқӣ мемонад. Барои ҳалли ин мушкилот бояд кишти навъҳои нави сермаҳсули тутро вусъат дод. Дар канори майдонҳои пахта як-ду қатор ниҳоли тут шинонда шавад, манбаи иловагии озуқа ба вуҷуд оварда мешавад.
Ба ҳокимон супурда шуд, ки дар майдони 105 ҳазор гектар тутзорҳои нав ташкил намоянд. Ин заминҳо ба қитъаҳо тақсим шуда, ба воситаи савдои музояда ба аҳолӣ дода мешавад, ки дар он нархи ибтидоии қитъаи замин дар сатҳи 10 фоиз муқаррар карда мешавад. Шаҳрвандони бекор, аз ҷумла, занон дар маҳфилҳои кӯтоҳмуддати мономарказҳо ва кластерҳои кирмакпарварӣ таълим мегиранд.
Нархи пасти хариди пилла ба манфиатдории аҳолӣ мусоидат намекунад. Мувофиқи фармони Президент, ки ба қарибӣ имзо шуд, нархи хариди пилла 25 фоиз зиёд карда шуд. Кирмакпарварон аз андозҳои даромад ва иҷтимоӣ озод карда мешаванд, барои тутзорҳо ставкаи 10 фоизи андоз муқаррар карда шудааст.
Боз як роҳи дигари баланд бардоштани самаранокии соҳа ин истифодаи усулҳои муқобил мебошад. Масалан, дар Чин бо парвариши лубиёи касторӣ кирмакпарварӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Ин услуби навро ба шароити иқлими мо мувофиқ кардан мумкин аст.
Ба Агентии оид ба карантин ва ҳифзи наботот супурда шуд, ки барои озмоиш дар Донишкадаи кирмакпарварӣ тухми лубиёи касторӣ ва тухми кирмакро ворид намояд.
Ба ҳокимон ва шахсони масъули соҳа оид ба ташкили хушсифати мавсими кирмакпарварӣ як қатор супоришҳо дода шуд.
Дар таъмини шуғли аҳолӣ ва рушди саноати маҳаллӣ қолинбофӣ низ нақши муҳим дорад. Соли гузашта хариди мутамаркази полипропилен самараи худро нишон дод. Таҷрибаи мазкур давом дода, маблағгузорӣ бо назардошти то гирифтани даромади асъор ду баробар зиёд карда, ба соҳибкорон полипропилен ба муҳлати то як сол дода мешавад.
Дар ҷамъомад сарвари давлат бо соҳибкороне, ки дар соҳаҳои мавриди баррасӣ фаъолият нишон медиҳанд, мулоқоти ошкоро анҷом дод. Мушкилот ва пешниҳодҳои ба миён гузоштаи онҳоро шунида, ба роҳбарони масъул супориш дод, ки ба соҳибкорон дар гирифтани сертификатҳо барои ворид шудан ба бозори Аврупо, ҷалби мутахассисони хориҷӣ, таъмини дастрасӣ ба маҳсулоти ватании чарм, қолин ва абрешим мусоидат кунанд, тайёркунии кадрҳои соҳибихтисоси звенои миёна ва дигарро ташкил намоянд.
Масъалаи дуюми рӯзнома – ба иҷрои таҷрибаи Сайҳунобод дар маҳалҳо нигаронда шуд.
Дар натиҷаи корҳои моҳи апрел оғозшуда 365 ҳазор нафар бо кор таъмин гардида, ба соҳибкорӣ ҷалб карда шуданд. Бонкҳо бо мизоҷони худ ҳамкории зичро оғоз намуда, барои бо ҷойи кор таъмин намудани 115 ҳазор нафар шароит фароҳам овардаанд. Дар маҳаллаҳо 70 ҳазор лоиҳаҳои хурд татбиқ карда шуд. Дар 465 ҳазор гектар қитъаҳои наздиҳавлигӣ кишти зироатҳо сар шуд.
Аммо дар баъзе ноҳияҳо кор суст пеш меравад. Масалан, ҳангоми омӯхтани 7 ноҳия маълум шуд, ки дар даҳҳо қитъаҳои наздиҳавлигӣ ягон хел зироат кошта нашудааст.
Аз ин сабаб барои роҳ гузоштан ба камбудиҳо 382 нафар шахсони масъули сатҳи ноҳиявӣ аз вазифа озод карда шуданд.
Президент бори дигар таъкид кард, ки масъалаи шуғл ва даромади аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва роҳбарони тамоми сатҳҳоро ҳушдор дод.
Оид ба хушсифат ташкил кардани таҷрибаи Сайҳунобод дар қисмати ноҳияҳо ва маҳаллаҳо, созмон додани ҷойҳои доимии кор ва манбаъҳои даромад барои аҳолӣ вазифаҳо муайян шуданд.
Боз як масъалаи муҳим дар маҳаллаҳо ташкили ботартиб ва бехатари муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.
Дар тӯли чор моҳи аввали соли ҷорӣ 115 ҳазор нафар шаҳрвандон, ки дар хориҷ кор мекарданд, ба кишвар баргаштанд. То охири сол боз 250-300 ҳазор муҳоҷири дигар бармегардад. Аҳамияти бо кор таъмин намудани онҳо ва расондани кумак дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ қайд гардид.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки оид ба муҳоҷират платформаи ягонаи иттилоотӣ таъсис дода, онро бо низоми «Ҳафтгонаи маҳалла» пайваст кунанд.
Аз рӯйи масъалаҳои дар ҷамъомад баррасишуда ҳисоботи роҳбарони соҳаҳо ва вилоятҳо шунида шуданд.