Бонки "J.P. Morgan" ба сатҳи пардохтпардозии ҶС "Ўзбекнефтегаз" баҳои мусбат дод

    Молия 7 Iyul 2023 2225

    Байни роҳбарияти ҶС «Ўзбекнефтегаз» ва намояндагони бонки амрикоии “J.P.Morgan Chase”, бахшида ба баррасии зинаҳои навбатии ҳамкорӣ вохӯрӣ ба амал омад.

    Аввал тақдимоти таҳлилии корпоративии бонки ИМА, ки нишондиҳандаҳои молиявӣ ва натиҷаҳои онро инъикос мекунад, пешниҳод карда шуд. Шарикони хориҷӣ ҳамчунин доир ба мушкилоти молиявӣ дар бозори сармоя ва ислоҳоти ҷорӣ маълумот доданд.

    Дар вохӯрӣ намояндагони бонк хидматҳои худро дар самти маблағгузории тиҷорат, ки аз ҷониби ҶС «Ўзбекнефтгаз» татбиқ мегарданд, инчунин оид ба коҳиш додани хатарҳо дар активҳои молиявӣ пешниҳод намуданд

    Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди воситаҳои молиявии аз ҷониби бонк барои лоиҳаҳои муштарак пешниҳодшударо баррасӣ карданд.

    Бинобар натиҷаҳои музокирот намояндагони бонкҳои хориҷӣ ба сатҳи пардохтпазирии ҶС «Ўзбекнефтегаз» баҳои мусбат дода, ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти маблағгузории лоиҳаҳои муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates