Бритониё маҳдудиятҳои коронавирусро барои вуруди шаҳрвандони Ӯзбекистон бекор мекунад

    Тандурустӣ 7 Yanvar 2022 4113

    Бинобар маълумоти Сафоратхонаи мамлакатамон дар шаҳри Лондон аз 10 январи соли ҷорӣ Бритониёи Кабир расман шаҳодатномаҳои эмкунии зидди коронавирусро, ки дар Ӯзбекистон дода мешаванд, эътироф менамояд.

    Дар ин ҳолат, шаҳодатномаи ваксина эътиборнок ҳисобида мешавад, агар дорандаи ҳуҷҷат на камтар аз 14 рӯз пеш аз омадан ба кишвар бо яке аз доруҳои зерин: Covaxin, Moderna, Janssen (як воя) , Novavax (Nuvaxovid ва Covovax), Oxford/AstraZeneca, Pfizer / BioNTech, Sinopharm Beijing, Sinovac-CoronaVac курси пурраи ваксинаро анҷом дода бошад.

    Эътироф кардани сертификат ба шаҳрвандони ваксинашуда имкон медиҳад, ки ба Бритониёи Кабир бидуни пешниҳоди санҷиши ПТР оид ба коронавирус ворид шаванд ва онҳоро аз талаби гузаштани карантини 10-рӯза озод мекунад. Ба ҷои санҷиши PТР, дар рӯзи дуюми пас аз омадан, шумо бояд танҳо санҷиши (lateral flow test) гузаред.

    Иттилооти муфассал дар сомонаи ҳукумати Бритониё нашр шудааст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates