Ихтирооти нав дар шакли лампа сохта шудааст. Он мавҷҳои нури кабуд мебарорад ва COVID-19-ро безарар мегардонад.

Қаблан муҳаққиқон қайд карда буданд, ки мавҷҳои ултрабунафш дар мубориза бо коронавирус самаранок мебошанд. Бо вуҷуди ин, вояи баланди чунин радиатсия метавонад ДНК-ро вайрон кунад.

Дар таҳқиқоти нав олимон мавҷҳои нури кабуди шиддати муайянро истифода бурданд ва муайян карданд, ки дар диапазони мувофиқ он барои одамон бехатар аст. Раванди таҷрибавӣ дар моделҳои сеченакаи ҳуҷайра дар асоси ҳуҷайраҳои донорӣ, ки аз бронхҳо ва трахеяи инсон гирифта шудаанд, гузаронида шуд. Маълум аст, ки хатто вояи хурди чунин шуъо ҳам вирусро нест карда метавонад ва ба ҳуҷайраҳои инсон таъсири зараровар намерасонад.

Ба гуфтаи олимон, кашфиёти нав метавонад ҳамчун василаи мубориза бо пандемияи коронавирус дар кишварҳо ва минтақаҳое, ки аз норасоии ваксина азият мекашанд, истифода шавад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ.