БАТР барои рушди низоми энергетикии Ӯзбекистон 47,1 миллион доллар ҷудо мекунад

    Сармояҳо 10 Oktabr 2022 856

    Дар Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) бо роҳбарии ноиби якуми президенти БАТР Юрген Ригтеринк вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар доираи он созишномаи қарзӣ ва лоиҳавӣ оид ба лоиҳаи сохтмони хати нави интиқоли барқ, ки ба системаи ҶС «Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон» дохил мешавад, ба имзо расид.

    Дар рафти чорабинӣ қайд карда шуд, ки дар солҳои охир Ӯзбекистон ҳамкориҳои сармоягузориро бо як қатор муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ба таври назаррас густариш додааст, ки дар байни онҳо Бонки аврупоии таҷдид ва тушд (БАТР) яке аз ҷойҳои пешрафтаро ишғол мекунад. Дар айни ҳол БАТР ба 113 лоиҳа дар Ўзбекистон беш аз 3,6 миллиард евро сармоя ворид намуд.

    Эълон карда шуд, ки ин кумаки молиявии Бонки ҶС «Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон» ба маблағи 47,1 миллион доллар барои маблағгузории лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқ ​​байни деҳаҳои Саримай ва Жанкелдии вилоятҳои Хоразм ва Бухоро мебошад, ки ба зиёд кардани қобилияти гузарониш ва баланд бардоштани эътимоднокии шабакаҳои электрии миллии мамлакат нигаронда шудааст. Хатти нав ду нерӯгоҳи шамолии дар ҳоли таҳияшавандаро бо иқтидори умумии то 1 ГВт ба шабакаи миллӣ мепайвандад. Лоиҳа аз ҷониби Фонди кишварҳои давраи гузариши иқтисодиёт ва Хазинаи махсуси саҳҳомон дастгирӣ мешавад.

    Васеъ гардондани шабака ба ҳамгироии минбаъдаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба шабакаи барқи Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард, ки ин ҳам ба мувозинати сарборӣ дар хатҳои мавҷудаи интиқоли барқ ​​ва рафъи камбуди барқ ​​дар шимол ва ҷанубу ғарби кишвар кумак мекунад. Лоиҳа иқтидори системаи таъмини барқро беҳтар намуда, талафот дар шабакаро коҳиш медиҳад. Ин хусусан барои саноати рушдкунандаи Ўзбекистон ва афзудани эҳтиёҷоти аҳолӣ муҳим аст, ки онҳо таъминоти устувори энергияро тақозо доранд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    Тавре ки ноиби аввали президенти БАТР Юрген Ригтеринк қайд кард, «Ӯзбекистон на танҳо давлати сераҳолӣ дар Осиёи Марказӣ, балки иқтисодиёташ босуръат рушдёбандаи минтақа мебошад, ки ба ҳалли устувори инфрасохтор ниёз дорад. Бонки мо омода аст, ки ин афзоишро тавассути маблағгузории чунин лоиҳаҳо дастгирӣ намояд».

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates