Ин андешаро рӯзи сешанбе дар мусоҳиба бо хабарнигори ТАСС мутахассиси бемориҳои сироятӣ аз Донишгоҳи Августа (Ҷорҷия) Роҷер Макартур изҳор дошт.
Коршинос дар бораи дар оянда бо кадом суръат пайдо шудан ва паҳншавии навъҳои гуногуни вируси мазкур сухан ронда, қайд кард: "Ҳама чиз ба он вобаста аст, ки мо одамонро чӣ қадар зуд эм мекунем. Агар мо суст ҳаракат кунем, агар ноҳияҳои фарогирии эмкуниашон аз 20 фоиз кам бошад, ба фикрам, паҳншавӣ хеле зуд хоҳад буд". "Аз тарафи дигар, агар дар бораи ноҳияҳое, ки фарогирии ваксина 60%-ро ташкил медиҳад, сухан равад, дар он ҷо шумораи беморон [сироятёбӣ] кам мешаванд, дар он ҷое, ки меъёрҳои масофаи иҷтимоӣ то андозае риоя карда мешавад, фикр мекунам, ки паҳншавии босуръат нахоҳад сурат гирифт" -- гуфт профессор.
Мутахассиси бемориҳои сироятӣ фарз кард, ки дар баъзе ҳолатҳо, паҳншавии навъҳои нави вирус, аз ҷумла штамми "Делта", метавонад эмгузаронии такрориро талаб кунад. Шояд доруҳое, ки махсус бар зидди мутатсияҳои мушаххас сохта шудаанд, лозим шаванд. "Бале, ман фикр мекунам, ки чунин эҳтимолият албатта вуҷуд дорад. Ин мавзӯъ фаъолона мавриди муҳокима қарор дорад, - таъкид кард мутахассис. -- Мо ҳанӯз намедонем, ки он чӣ шаклро хоҳад гирифт - оё ин боз як вояи ваксинаи қаблан гирифташуда ё ваксинаи нав хоҳад буд, шояд вояи махсусе, ки ба як ё якчанд вариантҳои зуд паҳншаванда, аз ҷумла "Делта" нигаронида шудааст.
Бинобар ақидаи Макартур, штамми "Делта" дар ояндаи наздик дар як қатор кишварҳо асосӣ хоҳад шуд. "Ба фикрам, ин дар баъзе кишварҳо ё ҳадди аққал дар баъзе қисматҳои як қатор кишварҳо чунин хоҳад буд", - қайд кард коршинос. "Ин аз ҳарчи зуддар сурат гирифтани эмкунӣ дар он ҷое, ки суст мебошад, вобаста аст, ба фикрам, дақиқан навъи "Делта" бартарӣ хоҳад дошт", - гуфт Макартур. "Ман фикр мекунам, ки ин хеле зуд рух медиҳад", - илова кард мутахассис.
Макартур қайд кард, ки дар Ҷорҷия, ки ӯ дар он ҷо кор мекунад, фарогирии эмкунӣ ҳанӯз кофӣ нест. Коршинос дар бораи он, ки чаро одамон аз эмгузаронӣ канорагирӣ мекунанд, гуфт: "Ҳар хел одамон ҳар хел сабабҳо доранд. Ба фикрам, ки умуман одамон хатари гарони бемориро, агар ваксина нагиранд ва таъсири манфии аҳён-аҳён пайдошавандаро хеле хуб арзёбӣ мекунанд".