Дар мамлакати мо кор оид ба ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотӣ суръат пайдо карда, қулаии ҳаёти аҳолӣ баланд мегардад. Имрӯзҳо ба воситаи Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатӣ 253 намуди хидматрасонӣ пешниҳод карда мешавад. Соли равон ҷорӣ намудани боз 6 намуд ва соддатар кардани беш аз 50 хидмат ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҳама муҳимаш, ин чораҳо ба коҳиш додани ҳаҷми ҳуҷҷатгузорӣ, кам кардани бюрократия ва коррупсия, сарфаи вақт ва маблағи корбарандагон, баланд бардоштани самарабахшии фаъолият мусоидат мекунанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 октябри соли 2020 Стратегияи «Ӯзбекистони рақамӣ - 2030» тасдиқ шуда буд. Мувофиқи ин стратегия барномаи трансформатсияи рақамии минтақаҳо ва соҳаҳо барои солҳои 2020-2022 татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, бинобар соҳаҳо 443 лоиҳа таҳия гардида, имрӯз 194-тои он татбиқ шудааст. Аз 1643 лоиҳаи дар барномаҳои минтақавӣ пешбинишуда 1172-тоаш амалӣ карда шудааст.
Масалан, ҷорӣ кардани низоми иттилоотии идоракунии шартномаҳо дар ҶС «Ӯзтрансгаз» хароҷотро ба 30 миллиард сӯм коҳиш дод. Татбиқи низоми пардохти 360 намуди боҷи давлатӣ тавассути Низоми ягонаи биллинг имкони сарфа намудани 24 миллиард сӯмро фароҳам овард.
Умуман бинобар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми хидматрасониҳо дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ 7 триллиону 200 миллиард сӯм, содироти хидмати барномасозии компутерӣ – 17 миллиону 500 ҳазор долларро ташкил дод.
Аммо соҳаҳо ва минтақаҳое ҳастанд, ки дар онҳо кор бо суръати суст пеш меравад. Рейтинги дахлдор нишон медиҳад, ки дар 65 ташкилот, 116 ноҳия ва шаҳр ҷараёни рақамигардонӣ ба дараҷаи бояду шояд ташкил карда нашудааст.
Дар маросими тақдимот сарвари давлат оид ба тезондани лоиҳаҳо ва васеъ гардондани хидматҳои электронӣ супоришҳои зарурӣ дод.
– Корҳое, ки дар тӯли солҳои охир анҷом дода шудаанд, воқеан натиҷа дода, хидматрасонӣ ба мардум қулай ва наздиктар шуд. Аммо технологияҳои рақамӣ ҳамарӯза тағйир ёфта, имкониятҳои нав боз мешаванд. Аз ин рӯ бояд «харитаи роҳ»-ро оид ба ҷорӣ намудани маҳсулоти нави барномавӣ дар ҳар як вазорат, мақомоти давлатӣ ва минтақа таҳия намуд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Мавҷуд будани имкониятҳо барои то ба 16 триллион сӯм расондани ҳаҷми хидмати иқтисодиёти рақамӣ, то 40 миллион доллар расондани содироти таъминоти нимфарози компутерӣ зикр гардид.
Зарурати ба 100 адад зиёд гардондани намудҳои хидматҳои давлатӣ, ки ба воситаи иловаҳои мобилӣ расонда мешаванд, аз он ҷумла аз ҳисоби ҷорӣ кардани хидмат оид ба гирифтани маълумоти марбут ба соҳаҳои коммуналӣ, кадастр, андоз, гумрук, таъминоти нафақа ва муносибатҳои меҳнатӣ таъкид гардид.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки порталҳои вазирон, ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳоро созмон дода, иттилооти дар онҳо ҷойгиршударо мунтазам таҳлил намоянд.
Дар назди бонки саҳҳомии тиҷоратии «Алоқабанк» вазифа гузошта шуд, ки платформаи ягонаи хидматрасонӣ бо мизоҷонро таъсис дода, ба стартап-лоиҳаҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дастгирии молиявӣ расонад.
Оид ба баланд бардоштани саводнокии рақамии кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва хоҷагӣ дастурҳо дода шуданд.