Лоиҳаи ҳуҷҷат мувофиқи Фармони Президенти Ӯзбекистон аз 10.09.2021 № ФП-6310 “Дар бораи содда гардондани тартиботи гумрукӣ ва минбаъд такмил додани сохтори ташкилии мақомоти хидмати давлатии гумрук” омода шудааст.
Тибқи лоиҳа, субъектҳои соҳибкорӣ метавонанд ба таври ихтиёрӣ дар бораи пардохти боҷи гумрукӣ қарори пешакӣ гиранд. Ин бояд пеш аз пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ анҷом дода шавад.
Барои гирифтани қарори пешакӣ шахси манфиатдор якҷоя бо хуҷҷатҳои зарурӣ ба мақомоти гумруки анҷомдиҳандаи барасмиятдарории гумрукӣ дар шакли тасдиқшуда ариза пешниҳод менамояд.
Қарори пешакӣ на дертар аз 15 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи бақайдгирии ариза дар мақоми гумрук, ҳангоми зарурати омӯзиши иловагӣ дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ қабул карда мешавад. Ариза ба феҳристи қарорҳои пешакии мақомоти гумрук ворид карда мешавад.
Боҷҳои гумрукӣ барои қабули қарори пешакӣ аз рӯи ставкаҳои аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқшуда ҳисоб карда мешаванд.
Дар назар аст, ки қарори пешакӣ аз ҷониби мақомоти гумрук дар системаи ягонаи иттилоотии автоматии Кумитаи давлатии гумрук ҷойгир карда шуда, дар давоми 90 рӯзи тақвимӣ эътибор дорад.
Инчунин лоиҳаи регламенти маъмурӣ дар бораи расондани хидмати интерактивӣ оиди аз ҷониби мақомоти гумрук қабул кардани қарори пешакӣ барои муайян кардани миқдори пардохти гумрукӣ, ки нисбати молҳои ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон воридшаванда бояд пардохта шаванд, таҳия шуд.
Лоиҳаро метавон тағйир дод, пурра ё рад кард, хабар медиҳад "Norma".