Қаблан Кумитаи давлатии гумрук оид ба муайян кардани арзиши гумрукӣ мониторинги доимӣ анҷом дода, дар асоси маълумоти аз манбаъҳои алтернативӣ гирифташуда бюллетени иттилоотии нархҳо ташкил карда шуда буд, ки баъдан бо як қатор вазорату идораҳо мувофиқа карда шуд.

Ҳоло ин бюллетен бекор карда шуда, ба субъектҳои соҳибкорӣ имкон дода шудааст, ки усули асосии муайян кардани арзиши гумрукӣ аз рӯи инвойс (арзиши созишнома) истифода баранд.

Тибқи тағйирот ҳоло нархҳои индикативӣ дар амал истифода мешаванд.

Нархи индикативӣ ин мафҳуми нав аст. Он барои баъзе молҳои асосӣ дар асоси нархҳои ашёи хом бе иштироки омили инсонӣ ташакул дода мешавад.