IT Park чемпионати киберспорти зинаи ҷумҳуриявии «Youth Esports CUP»-ро баргузор мекунад

    Насли оянда 14 Iyun 2022 1956

    24-25-уми июн дар пойтахт чемпионати киберспорти зинаи ҷумҳуриявии «Youth Esports CUP» баргузор мешавад.

    Ташкилкунандагони чорабинӣ IT Park якҷоя бо Вазорати технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Аегнтии оид ба ҷавонон, Ассотсиатсияи киберспорти Ӯзбекистон ва шуъбаҳои минтақавии он мебошанд.

    Мақсади асосии озмун муайян намудани киберварзишгарони касбӣ бо роҳи ташкили фароғати пурмазмуни ҷавонони маҳаллаҳо ва баргузории мусобиқаҳои киберспортӣ дар байни онҳо мебошад.

    Мусобикаҳо аз рӯи фанҳои зерин гузаронда мешаванд:

    варзиши даставӣ (дар ҳайати 5+1 иштирокчиён):

    CS:GO

    DOTA2

    варзиши инфиродӣ:

    FIFA22

    PES22

    Шумораи умумии ғолибон 42 нафарро ташкил медиҳад: аз рӯи намудҳои спорти индивидуалӣ шаш нафар ғолибон (ба ҳар як намуд се мукофот), аз рӯи командаҳои спортӣ — 36 нафар (се команда аз ҳар як намуд).

    Маросими ниҳоии озмун дар Қасри эҷодиёти ҷавонон баргузор мешавад.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates