Иқлимшиносон шароитеро номиданд, ки обшавии пиряхҳо 30 маротиба суръат мегирад

    Сайёраи сабз 15 Fevral 2023 2252

    Гурӯҳи байналмилалии олимони иқлимшинос ба хулосае омадаанд, ки суръати обшавии пиряхҳо ва болоравии сатҳи баҳр дар ҷаҳон бо гармшавии иқлим аз 1,8 дараҷа ва бештар аз он якбора афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин сурат обшавии массивҳои яхҳои Гренландия ва Антарктидаи Ғарбӣ бебозгашт мегардад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Донишкадаи тадқиқоти бунёдии Кореяи Ҷанубӣ (IBS).

    "Агар мо ҳеҷ чиз накунем, танҳо ин равандҳо боиси ҳадди ақалл як метр боло рафтани сатҳи баҳр дар 130 соли оянда мешаванд" - гуфт профессори IBS Аксел Тиммерманн. Вай ва ҳамкорони ӯ дарёфтанд, ки болоравии сатҳи баҳр метавонад дар даҳсолаҳои оянда ба таври назаррас суръат гирад, агар инсоният гармшавии глобалиро дар ҳудуди 1,8 дараҷа нигоҳ надорад, менависад «Профиль».

    Иқлимшиносҳо модели муфассалтарини компютерии яхбандии Гренландия ва Антарктидаи Ғарбиро созмон дода, ба чунин хулоса омаданд. Ҳисобҳои онҳо нишон доданд, ки гармшавии 1,8 дараҷа як навъ реаксияи занҷираи худтаъминкунандаро ба вуҷуд меорад, ки обшавии пиряхҳоро дар тӯли 150 соли оянда метезонад.

    Дар натиҷа сатҳи баҳр то соли 2150 қариб як метр баланд шуда, дар шароити номусоид афзоиш бештар аз 140 сантиметрро ташкил медиҳад, ки ин дар навбати худ барои инфрасохтори шаҳру кишварҳои наздисоҳилӣ мушкилоти зиёде ба вуҷуд меорад, огоҳ карданд олимон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates