Иқлимшиносон нобудшавии инсониятро баъд аз 500 сол пешгӯӣ карда буданд

    Муҳим 30 Sentabr 2021 832

    Иқлимшиносони амрикоӣ ва бритониёӣ сенарияҳои эҳтимолии гармшавии глобалиро тарҳрезӣ карда, нобудшавии инсониятро баъд аз панҷ аср пешгӯӣ кардаанд, ки натиҷаҳои корҳои илмӣ дар китобхонаи онлайнии Wiley нашр шудааст.

    Коршиносон се модели тағйироти эҳтимолии иқлимро дар рӯи замин офаридаанд. Бинобар яке аз онҳо, инсоният пас аз 500 сол мемирад, менависад "Lenta.ru"

    "Замин он қадар тағйир меёбад, ки мо маҷбур мешавем барои зинда мондан ва нигоҳ доштани фарҳангҳои таърихӣ ва ҷуғрофии худ мубориза барем", таъкид карданд олимон.

    Онҳо пешгӯӣ мекунанд, ки дар тӯли чанд аср як қисми сайёра барои зист ношоям мегардад. Муҳаққиқон боварӣ доранд, ки бинобар кам шудани масоҳати замини ҳосилхез, одамон маҷбур мешаванд, ки камчинии як қатор зироатҳо, аз ҷумла гандум ва картошкаро эҳсос кунанд.

    Коршиносон аз кишварҳо даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза бо гармшавии ҷаҳонӣ муттаҳид шаванд.

    Қаблан муҳаққиқони аврупоӣ гурӯҳи синну солиро ном бурда буданд, ки қурбонии асосии гармшавии глобалӣ хоҳанд шуд. Ба андешаи онҳо, наслҳои то 40-сола аз обхезӣ, сӯхтор ва дигар офатҳои табиӣ ба таври ҷиддӣ осеб хоҳанд дид, аммо аз ҳама бештар кӯдакон азият мекашанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates