Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии фарогир миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон баррасӣ гардиданд.

Барқарории суръати гардиши мол миёни ду кишвар бо қаноатмандӣ таъкид шуд. Лоиҳаҳои ҳамкории саноатӣ амалӣ мегарданд, инчунин корҳои муштарак оид ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» ва неругоҳи барқи обии Қамбарота идома доранд.

Президентҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ низ мубодилаи афкор намуда, нақшаи чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи минбаъдаро муҳокима карданд.