ВКХ Ӯзбекистон нисбат ба воқеаҳои Қароқалпоқистон изҳороти махсус эълон кард

    Бехатарӣ 7 Iyul 2022 2350

    Воситаҳои ахбори оммавии ҷудогона ва ташкилотҳои ҳуқуқи инсон ба манбаъҳои ошкорнашуда такя намуда, дар бораи воқеаҳои шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ҳар гуна тахминҳо ва хабарҳои беасосро паҳн мекунанд.

    Даъвоҳои беасос дар бораи истифодаи гӯё ғайриқонунии қувва барои “пароканда кардани гирдиҳамоии осоишта”, “хомӯш кардани садои мустақил ва бастани иттилоот”, аз ҷумла бо роҳи эълони вазъияти фавқулодда садо медиҳанд.

    Ба ин муносибат Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон мехоҳад, ки ҳодисаҳои Қароқалпоқистонро равшантар намуда, маълумоти муфассалтару холисона пешниҳод намояд.

    1-2 июли соли 2022 дар шаҳри Нуқус ба вайрон кардани сохти конститутсионӣ, яклухтии қаламрав ва ваҳдати Ҷумҳурии Ӯзбекистон саъю кӯшиш карда шуд. Гурӯҳи ҷинояткорон бо баҳонаи эътироз ба муқобили таклифҳои дар бораи тағйироту иловаҳои конститутсионӣ ба муҳокимаи умум гузошташуда амалиёти зӯроварона, задухӯрдхо ва кӯшиши бо зурӣ забт кардани биноҳои давлатиро ташкил карданд.

    Ин кирдорҳои ғайриқонунӣ аломатҳои равшани диверсияи пешакӣ тарҳрезишударо доштанд, ки ҳадафаш барангехтани сепаратизм, бесуботӣ ва аз ҳам ҷудо кардани як кишвари осоишта, ягона ва демократӣ буд.

    Нерӯҳои душман зери пардаи шиорҳои популистӣ, паҳн кардани хабарҳои қалбакӣ тавассути алоқаи мобилӣ ва Интернет кӯшиш мекарданд, ки шаҳрвандонро ба таври оммавӣ ба фаъолиятҳои зиддиконститутсионӣ ҷалб кунанд. Ин маҷбур кард, ки барои муваққатан маҳдуд кардани алоқаи интернетӣ чораҳо андешида шаванд.

    Дар ҷараёни қатлу ғорати оммавӣ ва бадкирдорӣ борҳо кӯшиши ҳамла ба биноҳои парлумон – Ҷокарғи Кенес, сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Нуқус ва Гвардияи миллӣ сурат гирифт, силоҳи оташфишон ғасб шуда, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба гарав гирифта шуданд, дар ҳар куҷо амволи давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсӣ оташ зада, хисорот расонида, ба инфрасохтори шаҳр зарари калон расонда шуд.

    Илова бар ин, дар ин ҳамлаҳо 107 нафар кормандони мақомоти ҳифзи тартибот сахт маҷрӯҳ шудаанд, ки вазъи 23 нафари онҳо вазнин аст. Дар маҷмӯъ 270 корманди мақомоти давлатӣ ҷароҳатҳои вазнини гуногун гирифтанд.

    Кирдорҳои ваҳшиёнаи иштирокдорони бетартибиҳо натиҷаи кирдорҳои иғвогаронаи як гурӯҳ одамоне буд, ки шуури одамонро идора карданд, онро хамчун намоиши осоиштаи шаҳрвандон номидан мумкин нест.

    Дар натиҷаи ин кирдорҳои ғайриқонунӣ, чи тавре ки пеш гуфта шуда буд, 18 кас халок гардид. Бояд гуфт, ки дар байни иштирокчиёни фаъоли ҳамлаҳо аксарияти мутлақи одамон дар ҳолати мастии маводи мухаддир ва машрубот буданд.

    Ҳукумати Ӯзбекистон ҳама гуна амалҳои ғайриқонуниро, ки ҳадафаш ба зӯрӣ забт кардани ҳокимият, тарғиби ғояҳои ҷудоихоҳӣ, барангехтани адоват, даъват ба бетартибиҳо ва хушунат аст, қатъиян маҳкум мекунад.

    Ба шарофати тадбирҳои андешидашуда ва чораҳои дахлдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кирдорҳои ғайриқонунӣ хотима дода шуд.

    Дар айни ҳол оид ба воқеаҳо дар Қароқалпоқистон чорабиниҳои тафтишотӣ бурда мешаванд. Ўзбекистон ҳамчун иштирокдори шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон тарафдори пурра риоя намудан ба тамоюлҳои тафтишоти шаффоф, мустақил ва холис, инчунин таъмини кафолати қоидаҳои ҳуқуқии муносиб ва тафтишоти адолатноки судӣ мебошад. Натиҷаи тафтишот ба таваҷҷуҳи созмонҳои дахлдори байналмилалӣ расонида мешавад.

    Тамоми чорабиниҳое, ки Ҳукумати Ӯзбекистон оид ба барқароркунии вазъият дар Қароқалпоқистон меандешад, дар чаҳорчӯби майдони ҳуқуқӣ амалӣ гардида ва, дар навбати аввал, ба роҳ надодан ба хавфи ҳаёт ва сиҳатии одамон нигаронда шудаанд.

    Дар айни ҳол дар ҳудуди Қароқалпоқистон алоқаи мобайлӣ пурра кор мекунад, мағозаҳои хӯрокворӣ, бозорҳо, нуқтаҳои нонпазӣ, бонкҳо, беморхонаҳо ва дигар иншоотҳои иҷтимоӣ фаъолият нишон медиҳанд. Неруи барқ, газ ва об ба тартиби муқаррарӣ дода мешавад.

    Мақомоти дахлдори давлатии Ўзбекистон ҳар рӯз ҷомеаро дар бораи вазъияти ҷорӣ дар Қароқалпоқистон хабардор менамояд. Аз ин лиҳоз, изҳорот дар бораи мавҷуд набудани дастрасӣ ба иттилоот асос надорад.

    Изҳор менамоем, ки ҳеҷ гуна қувваҳо барои идомаи пайгиронаи ислоҳоти демократӣ ва устуворона пеш рафтани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сӯйи бунёд ва таҳкими давлати инсондӯстона, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ки дар бораи шаъну шараф, некӯаҳволӣ ва манфиатҳои ҳар як шаҳрванд ғамхорӣ мекунанд, халал расонида наметавонанд.

    Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон тамоми воситаҳои ахбори оммавӣ ва ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсонро даъват менамояд, ки ба воқеаҳои Қароқалпоқистон холисона муносибат зоҳир намоянд, дар асоси ҳар гуна манбаъҳои беасос ба баровардани хулосаҳои саросемавор ва изҳороти хусусияти якҷониба дошта роҳ надиҳанд.

    Ҷумҳурии Ўзбекистон ба мулоқоти кушод ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ, аз он ҷумла дар масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои қонунӣ, ҳуқуқ ва озодии инсон содиқ мемонад.

    Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates