Ёдовар мешавем, ки Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ ба қаҳвахона, тарабхонаҳо ва дигар муассисаҳои фароғатӣ иҷозат додааст, ки аз соати 08:00 то 20:00 кор кунанд.
Вазорати тандурустӣ изҳор менамояд, ки маҳдудиятҳоро Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ ба мӯҳлати номуайян, яъне то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ қабул кардааст.
«Дар сурати ворид намудани тағйирот ба қоидаҳои карантин, дар ин бора дар саҳифаҳои расмии Вазорати тандурустӣ хабар дода мешавад. Аз ин рӯ, аз ҳамватанон ва баъзе корбарони шабакаи иҷтимоӣ хоҳиш мекунем, ки паёмҳои беасос ва тасдиқнашударо паҳн накунанд”, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ.