Мусофироне, ки аз як қатор кишварҳо ба Ӯзбекистон меоянд, бояд карантини даҳрӯзаро риоя кунанд

    Муҳим 1 Dekabr 2021 1297

    Дар ҷаласаи Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ бо мақсади нигоҳ доштани суботи вазъи эпидемиологӣ дар кишвар ва пешгирии воридшавии штамми нави сирояти коронавируси “Омикрон” ба мамлакат як қатор маҳдудиятҳои нав муқаррар карда шуданд.

    Меҳмононе, ки аз хориҷ ба Ӯзбекистон меоянд:

    • бояд сертификати натиҷаи манфии ПТР барои сирояти коронавирус дошта бошад, ки на камтар аз 72 соат пеш аз ворид шудан ба кишвари мо гирифта шудааст;
    • дар сурати мавҷуд набудани маълумот дар бораи натиҷаҳои санҷиши ПТР барои сирояти коронавирус бо натиҷаи манфӣ, дар фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз ташхиси экспресс барои сирояти коронавирус гузаштан ҳатмист.

    Бо қарори Комиссияи махсус мусофироне, ки ба ҳудуди Ӯзбекистон аз Австралия, Австрия, Белгия, Британияи Кабир, Германия, Дания, Исроил, Италия, Нидерландия, Чехия ва Миср меоянд, бо риоя намудан ба талаботи дар боло зикршуда бояд дар тӯли даҳ рӯз дар карантини хонагӣ ё карантини меҳмонхона аз ҳисоби худ монанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates