Дар мамлакатамон 10 284 мактаб вуҷуд дорад. Дар солҳои охир дар бобати беҳсозии шароит дар онҳо ва афзудани миқдори ҷойи хонандагон корҳои доманфарох анҷом дода шудааст. Мактабро соле ба ҳисоби миёна 400 ҳазор хонанда ба итмом расонда, 170 ҳазор нафараш таҳсилро идома медиҳад. Дар мамлакатҳои мутараққӣ беш аз 50 фоизи хатмкунандагони мактабҳо ба муассисаҳои таълими касбӣ дохил мегарданд. Ҳоло дар синфҳои болоии 208 мактаб таълими касбӣ бинобар се самт роҳандозӣ гаштааст. Миқдори хатмкунандагони мактабҳое, ки доир ба забони хориҷӣ соҳиби сертификат ҳастанд, дар ду соли охир аз 6 то 18 ҳазор афзуд.
Ҳамзамон зарур аст, ки ин кор муттасил идома дода шавад, зеро баланд бардоштани сифати таълим ҷараёни бетаваққуф ба шумор меравад.
Зимни тақдимот масъалаҳои алоқаманд бо он муҳокима гардиданд.
Ҳоло дар 500 мактаби минтақаҳо низоми баҳогузорие ҷорӣ гаштааст, ки дар мактабҳои президентӣ ва махсус истифода мегарданд. Дар натиҷа саҳми чунин машғулоти амалӣ, мисли таҳлили вазъият, ҳалли мушкилот, кор бо ҷамоа, ки дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ҷорӣ гаштааст, то 60 фоиз афзуд.
Ба зарурияти соли хониши оянда мутобиқ намудани ин низоми баҳогузорӣ ба маҳакҳои тестологии байналхалқӣ ишора гардид. Худи мактабҳо инчунин номнавис мегарданд. Ин барои татбиқи маҳакҳои байналхалқии баҳогузорӣ ба низоми миллӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва идора намудани мактабҳо хидмат менамояд.
Зимни баррасии масъалаи баланд бардоштани дараҷаи дониш ва истеъдоди муаллимон усулҳои кӯҳнашудаи кор ва потенсиали пасти илмии марказҳои такмили ихтисос таъкид гардид. Бинобар ин вазифаи трансформатсияи ин марказҳо дар 14 минтақа, татбиқи барномаи рушди касбии муаллимон гузошта шуд.
Ногузирии такомули барномаҳои таълимии мактабӣ оид ба забонҳои хориҷӣ, бо он ҳамоҳанг сохтани барномаҳои таълимии муассисаҳои таълими олӣ зикр гардид. Бояд амали таълими интенсиви забонҳои хориҷӣ васеъ гардад.
Тавре ки маълум аст, ба туфайли шароитҳои фароҳамомада миқдори мактабҳои хусусӣ дар мамлакатамон меафзоянд. Ин ба коҳиш ёфтани сарбории мактабҳои давлатӣ ва рушди рақобати солим мусоидат менамояд. Бинобар ин пешниҳодот доир ба минбаъд сода намудани талаботи литсензиядиҳӣ барои мактабҳои хусусӣ, инчунин ба онҳо пешниҳод намудани имтиёз ва кредитҳои иловагӣ, андоз ва пардохтҳои коммуналӣ изҳор гардид.
Ба шахсони масъул роҳандозии платформа барои мониторинги фаъолияти ташкилотҳои хусусии таълимӣ ва сифати таълим супурда шуд.
Тавре ки дар ҷамъомад таъкид гардид, барои татбиқи ислоҳот дар тамоми зинаҳои таълим дар асоси консепсияи ягона ташкил намудани Дафтари лоиҳавӣ ногузир мебошад. Вай барои таҳияи стандарт ва барномаҳои таълимӣ дар таълими томактабӣ, мактабӣ, касбӣ ва олӣ дар асоси таҷрибаи пешқадам ҷавобгӯ мебошад.
Роҳбари давлат аҳамияти фаъолияти иштироки раисон ва фаъолони маҳалларо дар ҳаёти мактаб таъкид кард.
– Вазъият дар маҳалла, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ аз бисёр ҷиҳат аз таълим ва тарбияи ҷавонон вобаста аст. Аз ин рӯ муҳим аст, ки раиси маҳалла ва падару модарон дар ҳаёти мактаб фаъол иштирок намоянд, ба масъалаҳои таълим ва соҳиби касб гардидани ҷавонон боэътибортар бошанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Воқеан, мактаб ин кори нафақат мақомоти таълим, балки падару модарон, фаъолони маҳалла ва тамоми ҷамъият низ мебошад. Чунки мактаб ин пойгоҳи ояндаи мамлакат аст. Масали «Ба як кӯдак ҳафт маҳалла ғамхор» ин ҳақиқатро собит менамояд. Он гоҳ падару модарон низ ба таълими фарзандони худ эътибори зиёд хоҳанд дод. Ин дар дунёи имрӯзаи ҷаҳонишуда хеле муҳим аст.