Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, 9-11 январ дар аксари қаламрави ҷумҳурӣ боришот (борон, барф) мешавад. Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ барф, дар ҷойҳо барфи пуршиддат меборад.

9-10 январ дар баъзе ҷойҳо шамол дар як сония то 15-20 метр шиддат мегирад.

10-15 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои ғайримуқаррарӣ хунук ба мушоҳида мерасад. Ҳарорати ҳаво шабона то 12-17 дараҷа хунук, рӯзона то 5-8 дараҷа хунук мешавад; дар шимол шабона то 17-22, дар Устюрт ва минтақаи биёбон дар баъзе ҷойҳо то 25-27, рӯзона то 7-10, дар ҷануб ва водии Фарғона то 5-10 дараҷа хунук, рӯзона то 2-5 дараҷа хунук мешавад.