Мувофиқи қарор, аз 1 сентябри соли 2021 қабули кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба кор дар асоси озмуни кушоди онлайн сурат мегирад.
То 1 октябри соли 2021 лоиҳаи қонун таҳия хоҳад шуд, ки оқибатҳои ҳуқуқии беэътибор эътироф намудани шартномаҳои дар заминаи коррупсия, бархӯрди манфиатҳо, иштироки хизматчиёни давлатӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ имзошударо муқаррар мекунад.
Аз 1 октябри соли 2021 дар тамоми мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, ҳокимиятҳои вилоятҳо фаъолияти сохторҳои назорати дохилии зидди коррупсия ба роҳ монда мешавад.
Аз 1 августи соли 2021 натиҷаҳои тендерҳо дар соҳаи хариди давлатӣ кушод интишор карда мешаванд.
Тартиби санҷиши шарикон (пудратчиён) оид ба хариди давлатӣ таҳия карда мешавад.
Аз 1 декабри соли 2021 Агентии мубориза бо коррупсия ҳар сол рейтингеро нашр мекунад, ки самаранокии кори зидди коррупсияро арзёбӣ мекунад.
То 1 декабри соли 2021 пойгоҳи маълумотҳо дар бораи эъломияҳои даромад ва амвол ташаккул дода мешавад.
То 1 октябри соли 2021 озмунҳо оид ба шартномаҳои корҳои сохтмонӣ ва пудратӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ дар шакли электронӣ дар портали махсуси иттилоотӣ оид ба хариди давлатӣ бо таъмини табодули иттилооти системаи “Шаффоф қурилиш” баргузор карда мешаванд.
То 1 январи соли 2022 платформаи иттилоотии онлайнии "SHAFFOF YO‛L" ба кор шурӯъ мекунад, ки маълумоти марбут ба соҳаи роҳҳои автомобилгардро дар бар мегирад.
Аз 1 январи соли 2022 хизматчиёни давлатӣ мунтазам аз хонишҳо оид ба мубориза бар зидди коррупсия аз рӯи тамоюли "ваксинаи ҳалолӣ" мегузаранд, хабар медиҳад канали ҳуқуқии Вазорати адлия.