Танҳо осмон лозим аст: олимон аз Стэнфорд усули шабона ҳосил кардани энергияи офтобиро пайдо карданд

    Энергетика 18 Aprel 2022 933

    Олимони амрикоӣ аз Донишгоҳи Стэнфорд қарор доданд, ки аз гармие, ки батареяҳои офтобӣ шабона ба муҳити зист меафкананд, истифода баранд.

    Шабона сатҳи панели офтобӣ аз ҳаво чанд дараҷа сардтар аст — танҳо аз сабаби талафоти гармӣ пас аз ғуруби офтоб, менависад "Экосфера".

    Тибқи қонунҳои термодинамика барои истеҳсолот аз ҳисоби гармӣ ҷараёни гармӣ аз манбаи гарм ба манбаи хунук лозим аст. Ин ҷараёни гармӣ аз ҳар гуна ашёе, ки бо офтоб дар тамос аст, ҳам шабона ва ҳам рӯзона ҳосил мегардад.

    Бинобар ин олимон қарор доданд, ки самаранокии батареяро баланд бардоранд ва генератори термоэлектрикиро офариданд, ки он аз тафовути ҳарорати байни фотоэлемент ва муҳити атроф қувваи электр ҷамъ мекунад. Санҷишҳо нишон доданд, ки дар зери осмони софу беғубори шаб таҷҳизоти 20 метри мураббаъ қодир аст 50 мВт/м2 тавлид кунад.

    Дар айни замон генератори термоэлектрикӣ рӯзона ба қувваи электре, ки бевосита бо қувваи фотоэлектрикҳо ҳосил мешавад, қувваи иловагӣ медиҳад.

    Сарфи назар аз афзалиятҳои худ, таҷҳизот арзон будааст.

    Илова бар ин, усули таҳияшуда метавонад дар батареяҳои офтобии мавҷуда истифода шавад. Ин хеле содда аст, аз ин рӯ ҳатто барои минтақаҳои дурдасти миқдори захираҳояш маҳдуд мувофиқ аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates