Тамоми ҷиҳатҳои рушди ҳамкориҳои ӯзбекистониву туркманистонӣ муҳокима гардиданд

    Ҳукумат 5 Oktabr 2021 3035

    Дар мулоқот бо намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ Президент Шавкат Мирзиёев гуфтушунидҳоеро, ки дар ҷараёни онҳо роҳбарони давлатҳо тамоми ҷиҳатҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд, муфид ва  фарогир арзёбӣ намуд.

    Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамсояҳои наздик, кишварҳои бародар, дӯстон ва шарикони муътамаду аз санҷиши замон гузашта ба шумор мераванд.

    – Махсус таъкид менамоям, ки мо ба дараҷаи шарикии стратегии бадастомада бо Туркманистон, ки ба дӯстии бисёрасрина, ягонагии таърих ва фарҳанг, дин, суннатҳои маънавӣ ва анъанаҳои халқҳоямон такя мекунад, баҳои баланд медиҳем. Натиҷаи гуфтушунидҳои имрӯза бори дигар саъю кӯшишҳои самимӣ ва эътимоди ягонаи моро ба минбаъд амиқсозии ҳамкориҳои тарафайн равшан намоиш доданд. Мехоҳам махсус қайд намоям, ки таҳкими минбаъдаи муносибатҳои некҳамсоягӣ бо Туркманистони бародарӣ самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба шумор меравад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Роҳбари Ӯзбекистон пешрафти мусбати муносибатҳои ӯзбекистониву туркманистонӣ, бахусус дар соҳаи савдо ва иқтисодиётро бо қаноатмандӣ таъкид кард. Солҳои охир мубодилаи мол дар байни кишварҳои мо се баробар афзуд. Бо вуҷуди оқибатҳои пандемия тӯли давраи сипаришудаи соли 2021-ум ҳаҷми савдои тарафайн бисту панҷ фоиз зиёд гардид.

    Ғайр аз ин бинобар натиҷаи Анҷумани иқтисодии ӯзбекистониву туркманистонӣ, ки дар доираи сафар баргузор шуд, маҷмӯи зиёди муоҳида ва қарордодҳои қатъӣ ба имзо расиданд.

    Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки афзудани савдои тарафайн ба имзо кардани Муоҳида дар бораи ташкил намудани минтақаҳои савдои наздисарҳадӣ мусоидат менамояд, ҳамчунин шартнома воридоти маҳсулоти рақобатбардорро, ки дар Ӯзбекистон ва Туркманистон истеҳсол мешаванд ва барои бозорҳои ҳар ду мамлакат харидоргиранд, аз кишварҳои сеюм иваз менамояд.

    Ба рушди кооператсияи саноатӣ эътибори махсус дода шуд. Ҷонибҳо ба муоҳида расиданд, ки ҳамкориҳои муфиди тарафайн ва лоиҳаҳои мушаххасро дар соҳаҳои энергетика, хоҷагии қишлоқ, саноат, кимё, нақлиёт ва логистика вусъат диҳанд.

    Ҳамчунин масъалаҳои фаъол кардани ҳамкориҳои тарафайни байниминтақавӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба ақидае расиданд, ки мулоқоти мунтазами бевоситаи байни вилоятҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин ҳар сол баргузор кардани ҳамоиши минтақаҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон муҳаррики нави рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ хоҳанд шуд. Аввалин чунин мулоқот дар ин шакл соли оянда дар Хива ба вуқӯъ мепайвандад.

    Сарони давлатҳо зарурияти мустаҳкам кардани ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт таъкид намуданд. Рушди ҳаҷми боркашонии тарафайнро таъкид намуда, ҷонибҳо ба муоҳида расиданд, ки минбаъд низ барои истифодаи самарабахши гузаргоҳҳои нақлиётӣ, аз ҷумла аз тариқи татбиқ сохтани лоиҳаҳои инфрасохторие, ки ба таҳкими робитаҳои тарафайн бинобар хатти Шимол – Ҷануб ва Ғарб – Шарқ хидмат мекунанд, шароитҳои мусоид фароҳам оварда шаванд.

    Мавзӯи об ва экология, масъалаҳои дигаргунии иқлим барои иқтисодиёти ҳар ду мамлакат аҳамияти ҳалкунанда доранд. Вобаста ба ин Президент Шавкат Мирзиёев оғози кори муштараки Комиссияи ӯзбекистониву туркманистониро бино бар масъалаҳои хоҷагии об бо қаноатмандӣ қайд кард.

    Масъалаҳои таъмин сохтани амнияти минтақавӣ мавзӯи муҳими гуфтушунидҳои дуҷониба гардиданд.

    Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон бинобар вазъият дар Афғонистон, ки рушди устувори минтақаи васеи Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста мебошад, мубодилаи афкор карданд.

    Дар ин бобат сарони давлатҳо муҳимияти мунтазам гузаронидани Мулоқоти машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин татбиқ сохтани муоҳидаҳоеро, ки дар вохӯрии охирин – дар Аваза 5-6 августи соли равон ба имзо расида буд, таъкид намуданд.

    Роҳбарони давлатҳо ҳамчунин идома додани мулоқоти қаринро дар доираи сохторҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ таъкид доштанд.

    Муҳимияти давом додани мубодилаи байни доираҳои фарҳангӣ, илмӣ ва варзишии ду мамлакат, ҳамчунин баргузор кардани вохӯрӣ ва ҳамоишҳои ҷавонони кишварҳои мо, ҳамкории наздики байни созмонҳои ҷавонон зикр шуд. Ин имкон медиҳад ду халқи бародар беш аз пеш қарин шаванд.

    Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мақсад ва вазифаҳои дипломатияи шифокориро муштаракона пеш баранд, барои таъмин сохтани амнияти халқҳои кишварҳоямон ва умуман минтақа муносибати ҳамоҳангро кор карда бароянд.

    Президент Гурбангулӣ Бердимуҳамедов аз натиҷаҳои мулоқот, ки дар ҷараёни он бинобар доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи боэътимод ва пурмуҳтаво ба амал омад, қаноатмандӣ изҳор кард.

    – Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Туркманистон мебошад. Мақсади асосии сафари расмии кунунӣ ба Ӯзбекистон намоиши дастгирии ҷиддии Президенти муҳтарам, дӯсти ман Шавкат Мирзиёев, ҳамчунин ислоҳотест, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат таҳти роҳбарии ӯ татбиқ мешаванд, – гуфт Президенти Туркманистон. Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба Шавкат Мирзиёев барои меҳмоннавозии самимӣ ва истиқболи дӯстона нисбати ҳайати Туркманистон миннатдорӣ баён кард.

    No date selected
    September 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates