Дар оғози мулоқот сарони давлатҳо ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ табодули муборакбодиҳои самимӣ карданд.

Масъалаҳои фаъол гардондани муносибатҳои ҳамкории Ӯзбекистону Муғулистон баррасӣ гардиданд.  

Сарони ду кишвар ба натиҷаҳои нахустин форуми соҳибкорони Ӯзбекистону Муғулистон, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор шуд, баҳои баланд доданд.

Имкониятҳои васеъ барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ қайд карда шуданд. Ба ташаккули заминаи зарурии ҳуқуқӣ ва пешбурди лоиҳаву барномаҳои мушаххаси ҳамкории муштарак, пеш аз ҳама дар бахши агросаноатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ба таҳкими табодули фарҳангиву гуманитарӣ ва робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Президенти Муғулистон аз раёсати пурсамари Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ёдовар шуда, бомуваффақият баргузор намудани ҳамоишро таманно кард.

Дар натиҷаи мулоқот оид ба додани хусусияти системавӣ ба робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар, қабули “харитаи роҳ” ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд тавофуқ ҳосил шуд.