Дар маросим роҳбарони департаменти  Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Одил Абдураҳмонов, роҳбарияти Вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиш, кумитаи олимпии миллӣ ва паралимпӣ, ҷомеаи васеи варзиш ширкат варзиданд.

Дар чорабинӣ Одил Қаландарович паралимпчиёнро, ки дар мусобиқоти асосии қитъавии чорсола бомуваффақият баромад карданд, табрик гуфта, махсусан таъкид намуд, ки ин натиҷаҳо намунаи равшани таваҷҷуҳи беандозаи Сарвари давлат ба рушди ҳаракати паралимпии кишварамон мебошад.

Дар навбати худ варзишгарону мураббиёни аз шароити мусоиде, ки  аз ҷониби давлат фароҳам оварда шудааст, изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки минбаъд низ Ӯзбекистонро дар арсаи ҷаҳонӣ сазовор муаррифӣ хоҳанд кард.

Дар маросим намояндагони Иттифоқи нависандагон – шоироне, ки аз ҷониби мардум эҳтироми зиёд доранд, паралимпчиёнро низ табрик намуданд. Пас аз ин ҳайат бо автобусҳои махсус сайругашт намуда, ба сӯи Кумитаи миллии паралимпӣ роҳ ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Узбакистон натиҷаи беҳтарини таърихи худро аз рӯи шумораи медалҳо дар Бозиҳои Параосиёӣ нав карда, дар маҷмӯъ 79 медал (25 тилло, 24 нуқра ва 30 биринҷӣ) ба даст овардааст.