Саида Мирзиёева бо бунёдгузори ҳаракати ҷаҳонии таълимӣ Teach For All мулоқот анҷом дод

    Таълим 25 Iyun 2025 1022

    24 июни соли равон роҳбари Администратсияи Президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева бо Венди Копп – бунёдгузори шабакаи байналмилалии Teach For All, ки рисолати он трансформатсияи соҳаи маориф ва рушди ҷомеаҳо дар саросари ҷаҳон мебошад, мулоқот анҷом дод.

    Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима гардиданд.

    Саида Мирзиёева таъкид кард, ки Ӯзбекистон дар соҳаҳои маориф ва ҳуқуқи занон аллакай ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст ва изҳори итминон намуд, ки таҷрибаи муваффақи кишвар метавонад берун аз марзҳои он низ муфид бошад.

    Қайд гардид, ки аз соли гузашта ташаббуси Teach For Uzbekistan ба як қисми оилаи ҷаҳонии Teach For All табдил ёфт ва имрӯз дар сафи он роҳбарони ҷавони соҳибташаббус ва боистеъдод ҷамъ омадаанд.

    «Боварӣ дорам, ки Teach For Uzbekistan звенои муҳими ислоҳоти васеи маориф хоҳад гардид ва ба беҳбудии зиндагии ҳазорҳо кӯдак, махсусан дар минтақаҳои дурдасти кишвар мусоидат хоҳад кард», – таъкид кард Мирзиёева.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates