Саида Мирзиёева ба ҳайати доварони ҷоизаи байналмилалии ба номи Зойид «Бародарии башарӣ» шомил шуд

    Воқеаҳо 8 Iyul 2025 583

    Созмондиҳандагони Ҷоизаи бародарии башарии Шайх Зойид аъзои ҳакамонро эълон карданд, ки дар интихоби барандаи соли 2026 ширкат хоҳанд кард.

    Дар миёни доварон роҳбари админитратсияи раисиҷумҳури Ӯзбекистон Саида Мирзиёева низ ҳаст. Номзадии ӯро сархатиби Ал-Азҳар Аҳмад ат-Тайиб пешниҳод кардааст.

    "Ман пешниҳоди узвият дар ҳайати доварони Ҷоизаи бародарии башарии Шайх Зойид шуданро бо миннатдории афзун қабул мекунам.

    Ин ҷоиза чӣ гуна эҳсосоти нодир ва шоёни таҳсини будани меҳрубонӣ, далерӣ ва ҳамбастагиро дар ин ҷаҳоне, ки дар натиҷаи низоъ ва нофаҳмиҳо пароканда шудааст, ёдовар менамояд.

    Бо одамони далеру дурандеш, ки барои бо муносибатҳои байниҳамдигарӣ вобаста будани ояндаи дурахшони инсоният боварӣ доранд, китф ба китф кор кардан бароям шарафи бузург аст", гуфтааст вай.

    Шаш нафар ҳайати доварон аз инҳо иборатанд:

    Саида Мирзиёева – роҳбари админитратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    Кэтрин Рассел – директори иҷроияи ЮНИСЕФ

    Чарлз Мишел - Президенти собиқи Шӯрои Аврупо, собиқ сарвазири Белгия

    Мусса Факи Маҳамат - собиқ раиси Комиссияи Иттиҳоди Африқо, собиқ сарвазири Чад

    Кардинал Хосе Толентино де Мендонса - префекти Дикастерияи фарҳанг ва таълими Тахти Муқаддас

    Довар Муҳаммад Абдулсалом – дабири кулли Ҷоизаи бародарии башар ба номи Зойид.

    Ҷоизаи байналмилалии Зойид барои қадрдонӣ кардани афрод ва созмонҳо аз соҳаҳо ва минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, ки фидокорона ба тамоюлҳои инсондӯстӣ, бародарӣ ва ҳамбастагӣ хидмат мекунанд, равона шудааст.

    Ҷоиза ба шарафи шайх Зойид бин Султон Ол Наҳаён, асосгузори Имороти Муттаҳидаи Араб номгузорӣ шудааст.

    Ҳайати доварон, ки намояндагони соҳаҳо ва дорои таҷрибаи гуногун ҳастанд, номзадҳоро аз беш аз 60 кишвари ҷаҳон арзёбӣ карда, дар бораи ташаббусҳои гуногуни башардӯстона, аз қабили тағйири иқлим, коҳиши камбизоатӣ, рушди ҷомеа ва тандурустӣ озмун мегузаронад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates