Дар даҳ соли охир ҳаҷми нафақа дар кишвари мо 3,3 баробар
афзоиш ёфта, ҳадди ақали нафақа аз сатҳи ҳадди ақали хароҷоти истеъмолӣ болотар
муқаррар гардидааст. То
соли 2021 нафақаи 1,1 миллион шаҳрванд камтар аз 400 ҳазор сӯмро ташкил медод.
Имрӯз ҳадди ақали нафақа 878 ҳазор сӯм ва ҳадди ақали хароҷоти истеъмолӣ 715 ҳазор
сӯмро ташкил медиҳад.
Дар
ҷараёни рӯнамоӣ қайд гардид, ки дар кишварҳое, ки низоми нафақаи ғунгарданда
рушд кардааст, маблағҳои нафақа ҳамчун манбаи дарозмуддати рушди иқтисодиёт хидмат
мекунанд.
Тибқи
ҳисобҳо, дар сурати ташкили дурусти низоми нафақа дар кишвари мо низ метавон ба
иқтисодиёт захираҳои молиявии дарозмуддат ҷалб намуд. Ин хулосаро коршиносони
Хазинаи байналмилалии
асъор,
Бонки ҷаҳонӣ,
Бонки осиёии
рушд
ва Созмони байналмилалии
меҳнат
низ тасдиқ мекунанд.
Дар
робита ба ин зарурати ислоҳоти низоми нафақа дар асоси таҷрибаи пешрафтаи
байналмилалӣ, инчунин рушди низомҳои нафақаи ғунгарданда,
хусусӣ ва корпоративӣ таъкид гардид.
Дар ҳоли ҳозир ба ҳисоби нафақаи ғунгардандаи шаҳрвандон
0,1 фоизи музди меҳнати онҳо гузаронида мешавад. Даромаднокии солонаи ин маблағҳо,
ки 10 фоизро ташкил медиҳад, тақрибан ду баробар аз даромаднокии пасандозҳои
бонкӣ пасттар аст.
Аз ин рӯ, пешниҳод гардид, ки механизмҳои нави баланд
бардоштани ҷолибияти ин низом ва ҳавасмандгардонии иштироки фаъоли аҳолӣ ҷорӣ
карда шаванд.
Аз ҷумла, пешбинӣ мешавад, ки агар шаҳрвандони музди меҳнати
моҳонаашон то 7,6 миллион сӯм (15 воҳиди базавии ҳисобкунии нафақа) 5 фоизи
даромади худро ба ҳисоби нафақаи ғунгарданда гузаронанд, давлат ба таври иловагӣ
ба андозаи 2,5 фоизи дигар маблағ ҷудо мекунад.
Барои шаҳрвандони музди меҳнати моҳонаашон беш аз 7,6
миллион сӯм, пешниҳод шудааст, ки 1 фоизи андози иҷтимоии пардохтшударо ба ҳисоби
нафақаи ғунгардандаи онҳо интиқол диҳанд.
Ҳамчунин ба масъалаҳои такмили тартиби ҳисобкунии нафақа
таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Дар айни замон нафақа аз рӯи музди меҳнати ҳар кадом панҷ
соли фаъолияти меҳнатӣ дар давоми даҳ соли охир ҳисоб карда мешавад. Илова бар ин, қисми
музди меҳнате, ки аз 6 миллион сӯм зиёд аст, ҳангоми ҳисоб ба назар гирифта
намешавад. Дар баъзе ҳолатҳо ин боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми миёнаи нафақаи шаҳрвандон
мегардад.
Бо
ин мақсад пешниҳод шуд, ки муҳлати музди меҳнате, ки ҳангоми ҳисобкунии нафақа
ба инобат гирифта мешавад, аз 5 сол ба 20 сол зиёд карда шуда, инчунин баъзе
давраҳое, ки даромади паст доранд, аз ҳисоб хориҷ карда шаванд.
Ғайр
аз ин, аз соли 2027 пешбинӣ шудааст, ки ҳадди болоии музди меҳнате, ки барои ҳисобкунии
нафақа ба назар гирифта мешавад, аз 6 миллион то 6,6 миллион сӯм баланд
бардошта шавад.
Тибқи
ҳисобҳо, ин тартиби нав метавонад ҳаҷми нафақаи шаҳрвандоне, ки минбаъд ба нафақа
мебароянд, то 8 фоиз зиёд намояд.
Роҳбари давлати мо таъкид кард, ки тағйирот дар низоми
нафақа ба ҳаёт ва ояндаи миллионҳо шаҳрвандон дахл дорад ва зарурати бодиққат ҳисоб
кардани таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як пешниҳодро зикр намуд.
Ҳамчунин вазифа гузошта шуд, ки чунин масъалаҳо бо
иштироки аҳолӣ, ҷомеаи васеъ, воситаҳои ахбори омма ва блогерҳо ошкоро муҳокима
гардида, ҳадаф ва натиҷаҳои интизории ислоҳот ба шаҳрвандон равшан фаҳмонда
шаванд.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки таҷрибаи пешрафтаи хориҷиро
ҳамаҷониба омӯзанд ва лоиҳаи қонунро оид ба таъсиси низомҳои нафақаи хусусӣ ва
корпоративӣ тақдим намоянд.