Ин гурӯҳ аз Кувайт баромада, ба Фурудгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Халид дар Эр-Риёз расид. Барои таъмини ҳаракати бемонеаи шаҳрвандон сафорат ба мақомоти ваколатдори Кувайт ва Арабистони Саудӣ нотаҳои дахлдор фиристодааст, хабар медиҳад ИА «Дунё».
Дар ҷараёни сафари қариб 12-соата, шаҳрвандонро ду дипломати сафорат ҳамроҳӣ карда, дар гузаштан аз назорати сарҳадӣ ва дар фурудгоҳи Эр-Риёз кӯмак расониданд. Онҳо ҳамчунин ҳангоми бақайдгирӣ ба парвозҳо ба шаҳри Ҷидда ёрии консулӣ-ҳуқуқӣ ва ташкилӣ пешниҳод карданд.
Баъдан барои ҳамаи 42 шаҳрванд чиптаҳои ҳавопаймо аз Ҷидда ба Ӯзбекистон омода карда шуданд. Қайд мешавад, ки бинобар ноустувор будани вазъ дар минтақа, сарони оилаҳо қарор карданд, ки пеш аз ҳама занону кӯдакон ба ватан фиристода шаванд.
Ғайр аз ин, 9 март як шаҳрванди Ӯзбекистон бо номи Д.Ю., ки дар Ироқ қарор дошт, ба сафорат муроҷиат карда, барои баргаштан ба ватан кӯмак хост.
Муайян гардид, ки ӯ бо шаҳрванди Ироқ, ки дар соҳаи тиб фаъолият мекунад, дар никоҳи қонунӣ қарор дошта, бинобар вазъи минтақа ва бемории падараш тасмим гирифтааст ба Ӯзбекистон баргардад.
Баъдан ба ӯ барои тарки Ироқ бо хатсайри байналмилалии автобусӣ тавассути Туркия мусоидат карда шуд. Минбаъд ӯ ният дорад аз Истамбул бо ҳавопаймо ба шаҳри Урганҷ парвоз намояд.