Дар остонаи соли нав дар шаҳри Қаршӣ маҷмааи серошёнаи савдои дорои супермаркет, мағозаҳои техникаи маишӣ, асбобу анҷоми рузгор ва муассисаҳои фароғатӣ ба истифода дода шуд.
Имрӯз сарвари давлатамон маҷмааро тамошо кард. Вай аз супермаркет ва мағозаи техникаи маишӣ дидан кард. Бо сифат ва нархи маҳсулот шинос шуд. Ба он баҳои баланд дод, ки қисми зиёди маҳсулот дар мамлакати мо истеҳсол мешавад.
Президент дар суҳбат бо харидорон ба фикри онҳо оиди нархи хӯрокворӣ ва сифати хидматрасонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.