Дар ин маҷмааи бузург, ки дувуним гектар масоҳат дорад, зиёда аз 53 ҳазор метри мураббаъ майдонҳои савдо ва тиҷоратӣ ташкил шудааст. Аз ҳисоби 14 миллион доллар сармояи хориҷӣ як қатор брендҳои хориҷӣ фаъолияти худро роҳандозӣ намудаанд.

Дар маҷмӯъ, дар ин маҷмаа беш аз 100 нуқтаи савдо боз гардида, қариб 500 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Солона аз ин марказ боздид ба амал овардани қариб 2,5 миллион нафар дар назар аст.

Арзиши лоиҳаи маҷмаа 43 миллион долларро ташкил дода, ҳалли меъморӣ ва дизайнии он дар озмуни байналмилалии меъморӣ миёни давлатҳои ИДМ, ки соли ҷорӣ баргузор гардид, мақоми аввалро соҳиб шудааст.

Президент дар дӯкони китоб, ки дар ин ҷо ифтитоҳ ёфтааст, бо намояндагони нашриётҳо ва ҷавонони китобхон суҳбат анҷом дод.

Зарурати рушди фурӯши китоб, умуман аҳамияти густариши васеи фарҳанги мутолиа аз овони кӯдакӣ, инчунин, васеъ намудани нашри адабиёти илмӣ ва бадеӣ, таҳияи чорабиниҳо, ки ба дастгирии нашриётҳо дар ин самт нигаронида шудаанд, таъкид гардид.

Бо фаъолони пойтахт, пиронсолон ва ҷавонон суҳбати самимӣ баргузор шуд.

— Натиҷаҳое, ки дар тамоми соҳаҳо ба даст меоянд, пеш аз ҳама, самараи оромии кишвар ва ҳамҷиҳатии мардум мебошад. Пойтахти мо рӯз то рӯз ободу зеботар мегардад. Инро меҳмононе, ки аз хориҷ меоянд, низ алоҳида эътироф мекунанд. Ваҳдат хеле муҳим аст. Решаи он, пеш аз ҳама, дар маҳаллаҳост. Баҳои одилонаро низ худи мардум, дар ҳамин маҳалла медиҳанд. Аз ин рӯ, мо корҳоро, ки ба ризомандии мардум нигаронида шудаанд, аз поёнтарин зина оғоз кардем, — гуфт Президент.

Дар доираи ташриф ба марказ, ба Сарвари давлат фаъолияти ширкати IT-и «Unicon-Soft», ки дар ҳамин ҷо кор мебарад, муаррифӣ гардид.

Дар натиҷаи фароҳам овардани шароити мусоид ва имтиёзҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотии мамлакат, иштироки истеҳсолкунандагони маҳсулоти миллии барномавӣ дар аксар бахшҳо, чун ҷараёни рақамисозии идоракунии давлатӣ, беҳтарсозии инфрасохтори алоқа, рушди таълими IT пайваста густариш меёбад.

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои ташкили босамари идоракунии давлатӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ дар доираи ислоҳоти маъмурӣ», самтҳои асосии трансформатсияи рақамии соҳа, шабака ва минтақаҳо муайян гардидаанд.

Дар ин раванд ширкати «Unicon-Soft»-и ноҳияи Юнусобод низ саҳми муносиб мегузорад. Корхона, ки соли 2017 таъсис ёфтааст, то имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 70 низоми барномавиро таҳия ва ҷорӣ намудааст.

Дар ҳамаи минтақаҳо ва 208 ноҳияву шаҳр оид ба ҷорӣ намудани низомҳои иттилоотӣ ва дастгирии техникӣ филиалҳои ширкат фаъолият доранд. Дар онҳо зиёда аз 1,5 ҳазор корманд фаъолият мебаранд, ки 80 фоизи онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ҳоло аз ҷониби «Unicon-Soft» роҳандозии истеҳсоли воситаҳои барномавӣ ва техникӣ дар самти рақамисозӣ, рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ, инчунин ҷорӣ намудани платформаи «Маҳаллаи рақамӣ» ба нақша гирифта шудааст. Роҳбари давлат бо муаррифии лоиҳаҳои ширкат дар ин самт шинос гардид.

Аз рӯйи рушди минбаъдаи истеҳсоли маҳсулоти миллии IT, афзунсозии дониш ва таҷрибаи ҷавонон дар соҳаи технологияҳои зеҳни сунъӣ ва суръат бахшидани равандҳои рақамисозӣ дар идораҳои давлатӣ тавсияҳои дахлдор дода шуд.

Инчунин, Президент корҳои ободонӣ ва инфрасохтори муосиреро, ки дар кӯчаи Рихсилий амалӣ гардидаанд, аз назар гузаронд.

Дар масофаи ду километри роҳ инфрасохтори муҳандисӣ ва нақлиётӣ пурра навсозӣ шудааст. Инчунин, иншооти савдо, хӯроки умумӣ ва фароғатӣ, ки 24 соат фаъолият мекунанд, таъсис ёфтааст. Дар натиҷа 650 ҷойи нави корӣ фароҳам омад.

Дар ин минтақа ҳамарӯза ба ҳисоби миёна қариб 35 ҳазор воситаи нақлиёт ҳаракат мекунад. Бо назардошти ин, чораҳои таъмини амнияти аҳолӣ ва роҳатии ҳаракат андешида шуданд. Аз ҷумла, 39 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳои пиёдагардон сохта шуд. Тақрибан сад камераи назорати видеоӣ ва қариб 10 тугмаи даъвати фавқулода насб гардид.