Интиқоли доруҳои гепатити “С” аз Миср идома дорад

    Тандурустӣ 23 Dekabr 2024 109

    Ба шаҳри Тошканд қисмати навбатии доруи «Софосбувир-400 мг», ки ҳукумати Миср ҳамчун кумаки инсонпарварӣ барои кишвари мо ҷудо кардааст, расид. Ин кумак дар доираи ташаббуси Президент оид ба табобати гепатити “С” аз ҳисоби давлат амалӣ мешавад.

    Бор тавассути ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» аз шаҳри Шарм-ал-Шайхи Миср ба Тошканд интиқол ёфт, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Ин 27-умин қисмати кумаки инсонпарварӣ аз Миср буда, 7200 адад доруи «Софосбувир-400 мг»-ро дар бар мегирад.

    Дар доираи барномаи миллии бартарафсозии гепатити “С” дар Ӯзбекистон то соли 2030 доруҳо ба бемороне, ки дар Пажӯҳишгоҳи вирусологияи Вазорати тандурустии Ӯзбекистон табобат мегиранд, тақсим карда мешаванд.

    Ба иттилои Сафорати Ӯзбекистон дар Қоҳира, ҳукумати Миср то имрӯз 800 ҳазор адад доруҳои зидди гепатити “С”, аз ҷумла «Даклатасвир», «Софосбувир» ва «Энтекавир»-ро ба маблағи умумии 4,2 миллион доллар ҷудо кардааст.

    То ин дам 13,4 тонна дору ба арзиши умумии 1 461 миллион доллар ба Ӯзбекистон фиристода шудааст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates