Имрӯз рӯзона дар Ӯзбекистон ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм ва шомгоҳ дар вилоятҳои Бухоро, Навоӣ дар баъзе ҷойҳо борон меборад, раъду барқ мешавад. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр шиддат гирифта, эҳтимол дар баъзе ноҳияҳо бо тӯфони ғуборолуд то 25-28 метр расад. Ҳарорат 30-35 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 37 дараҷа гам мешавад.
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт бориш пешбинӣ нашудааст. Шамол аз самти шарқ дар як сония 5-10 метр вазида, то 12-15 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 32-34 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳсор бориш намешавад. Шамол дар як сония 7-12 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр мевазад. Ҳарорат 20-25 дараҷа гарм мешавад.