Дар он корманди масъули Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия М. Ғиёсов, инчунин намояндагони Агентӣ оид ба масъалаҳои  муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ва Вазорати нақлиёт иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ дар бораи вуруди шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Русия бо роҳи ворид намудани маълумот дар бораи натиҷаҳои манфии ПЦР ба  COVID-19 ба замимаи мобилии "Саёҳат бе COVID -19" ва гирифтани натиҷаҳои тест маълумот дода шуд.

Таҳлили ПЦР ба COVID-19-ро дар лабораторияҳои "Гемотест", ки иштирокдори барномаи "Саёҳат бе COVID-19" аст, супурдан мумкин аст -- он имкони содда гардондани сафар байни мамлакатҳоро, ки ба ин барнома пайваст шудаанд, фароҳам меорад, хабар медиҳад маркази матбуотии ВТИК-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Замимаи мобилии "Саёҳат бе COVID-19"-ро ҳам ба воситаи AppStore ё Google Play зеркашӣ кардан мумкин аст. Натиҷаҳои санҷишро дар шакли коди QR гирифтан ва дар коғаз чоп кардан мумкин аст.