Астероиди диаметраш беш аз 1 километр пас аз 34 сол ба Замин наздик мешавад

    Астероиди эҳтимолан хатарноки 349507 (2008 QY), ки диаметраш 1,2 километр аст, пас аз 34 сол боз ба Замин наздик мешавад. Бегоҳии 3 октябр он ба масофаи такрибан 6 миллион километр ба сайёра наздик мешавад.

    Дар ин бора Маркази омӯзиши объектҳои наздики Замини NASA хабар додааст.

    Ба гуфтаи NASA, ҷисми осмонӣ рӯзи сешанбе, соати 23:39 бо вақти Маскав ба масофаи наздиктаринаш ба Замин наздик мешавад. Суръати астероид дар ин лаҳза 20,96 километр дар як сония хоҳад буд, хабар медиҳад «Мир24».

    Астрономҳо ин объектро 30 сентябри соли 1989 кашф карданд. Пас аз он, дар тӯли 33,5 сол дар камераҳои телескопӣ пайдо нашуд. Дафъаи дигар имсол, 13 феврал мушоҳида шуд.

    Астероиди 349507 (2008 QY) яке аз убуркунандагони Замин - объектҳои астрономӣ мебошад, ки аз мадори сайёра убур мекунанд. Он аз сабаби он ки аз мадори Замин дар масофаи камтар аз 7,5 миллион километр мегузарад, эҳтимолан хатарнок ҳисобида мешавад.