ХБД ба муносибати вазъи ба доруи «Док-1 Макс» марбут парвандаи ҷиноӣ боз кард

    Тандурустӣ 28 Dekabr 2022 1533

    Дар ин рӯзҳо хабари марги кӯдакони гирифтори сирояти шадиди роҳи нафас пас аз нӯшидани шарбати "Док-1 Макс" боиси нигаронии ҷомеа шудааст.

    Ин доруи ширкати Ҳиндустони "Marion Biotech Pvt. Ltd»-ро ба кишвари мо ҶММ «Quramax Medical» ворид намуда, барои фурӯш баровардааст.

    Бояд гуфт, ки ин доруро волидайн мустақилона, дар шароити хона ба сифати доруи зиддишамохӯрӣ барои кӯдакон бе дастури духтур ё бо тавсияи фурушандаи дорухона истифода бурдаанд.

    Тибқи таҳқиқоти лаборатории Вазорати тандурустӣ, дар таркиби шарбати "Док-1 Макс" моддаи этиленгликол ёфт шудааст, ки ба вазъи саломатии бемор тағйироти ҷиддӣ ба бор меорад.

    Тибқи хулосаи Маркази давлатии экспертиза ва стандартизатсияи доруворӣ, маснуоти таъноти тиббӣ ва таҷҳизоти тиббии Агентии рушди саноати фармасевтӣ шарбати "Doc-1 Maкс" ба талаботи дар санади меъёрӣ зикргардида ҷавобгӯ нест.

    Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби Раёсати тафтишотии Хадамоти бехатарии давлатӣ нисбати шахсони мансабдори ҶММ «Quramax Medical» ва ҶММ «Маркази илмии стандартизатсияи доруворӣ» тибқи моддаи 186-3, қисми 4, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

    Ҳамаи гумонбаршудагон ба изолятори тафтишотии Хидмати бехатарии давлатӣ ҷойгир карда шудаанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates