Роҳбари давлати мо ба мушоҳида расидани рушди муназзами муносибатҳои дуҷониба - фаъол шудани муколама ва пешбурди аввалин лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика бо қаноатмандӣ қайд кард.
Вазир Файсал бин Фарҳон ба раҳбари Ӯзбекистон саломи самимӣ ва таманноҳои неки шоҳ Салмон ибни Абдул-Азиз Ал Саудро расонд, инчунин даъвати ӯро бобати бо боздиди расмӣ ташриф овардан ба Арабистони Саудӣ нав кард.
Таъкид гардид, ки ҷониби Арабистони Саудӣ ба ташаббусҳои саривақтӣ ва муҳими байналмилалии Президенти Ӯзбекистон оид ба таҳкими робитаи минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, инчунин кӯмаки ҳамаҷониба барои ҳалли осоиштаи вазъ дар Афғонистон баҳои баланд дода, дастгирӣ мекунад.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ, омода кардани чорабиниҳо ва лоиҳаҳои нав бо мақсади бо мундариҷаи мушаххас ғанӣ гардондани рӯзномаи робитаҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардиданд.