Ба гуфтаи коршиносон, "нуқтаи муҳим он аст, ки чунин нишонаҳои дарозмуддатро новобаста аз вазнинии ҷараён" мушоҳида кардан мумкин аст. Олимон чунин мешуморанд, ки "сафедаҳое, ки дар хун ба вуҷуд омадаанд, масъули ин ҳолат мебошанд, илова бар ин, онҳо метавонанд боиси пайдоиши бемориҳои дилу раг шаванд", хабар медиҳад ТАСС.

"Тадқиқот нишон дод, ки ба ғайр аз шушҳо, ки пеш аз ҳама вирус осеб мерасонад, дигар узвҳо низ зарари калон мебинанд" гуфт яке аз муаллифони тадқиқот коршиноси маркази миллӣ Барнаби Янг. Ба гуфтаи ӯ, "баъзе беморон аз рагҳои хунгард, аз ҷумла рагҳои хурди дар ҳар узв мавҷудбуда, ки таҳдид ба бастани системаи умумии таъминоти хунро доранд, азият мекашанд."

Тибқи як таҳқиқоте, ки аз моҳи январи соли гузашта гузаронида шуд, чиноиҳои этникии синнашон аз 65 боло аз ҳама камтар ба синдроми постковид гирифтор буданд. Аммо, олимон инро ҳанӯз тавзеҳ дода наметавонанд. Дар ҳамин ҳол, коршиносон қайд карданд, ки нишонаҳои дуру дароз дар ҳар даҳумин нафари Сингапур мушоҳида шудааст.