Хавфи ниҳонӣ: бемории сил дар саросари ҷаҳон бидуни аломати аслӣ паҳн мешавад

    Тандурустӣ 15 Mart 2024 2569

    Зиёда аз 80 дарсади беморони сил аломати асосии ин беморӣ – сулфаи доимиро надоранд. Ба ин хулоса мутахассисони маркази тиббии Донишгоҳи Амстердам расида, натиҷаҳои таҳқиқотро дар нашрияи The Lancet Infectious Diseases нашр кардаанд.

    Набудани сулфа дар аксари беморони гирифтори сирояти хатарнок ва ҷараёни қариб пинҳонии он мефаҳмонад, ки чаро бо вуҷуди талошҳои зиёд барои ташхис ва табобати ин беморӣ, сарбории бемории сил дар Африқо ва Осиё тақрибан кам намешавад, менависад lenta. ру.

    Сулфа нуқтаи ибтидоии ташхис аст, аммо агар он вуҷуд надошта бошад, ташхис эҳтимол дертар гузошта мешавад, вақте ки сироят аллакай ба одамони дигар паҳн шудааст.

    Тадқиқот натиҷаҳои мониторинги миллии 12 кишвари ҷаҳонро таҳлил сохта, маълум кард, ки бар иловаи набудани сулфа, беш аз чоряки беморони сил умуман аломате надоранд, ки ҳардуи онҳо дар занон нисбат ба мардон бештар маъмуланд. Чоряки онҳое, ки сулфа надоштанд, дар балғамашон миқдори зиёди бактерияҳо мавҷуд буданд ва эҳтимолан гузаранда бошанд.

    Ба эътиқоди муаллифон, барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории сил бояд ба ташхиси рентгенӣ ва таҳияи озмоишҳои нави арзон ва осон таваҷҷуҳ кард.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates