Бухорои бостонӣ аз қадим бо сарватҳои нодири таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангии худ машҳур буда, тӯли асрҳо ҳамчун яке аз марказҳои фан, илми ислом ва маънавият шинохта шудааст. Ба маркази таърихии шаҳр, ки гузаштаи беш аз 2,5 ҳазорсола дорад, соли 1993 мақоми иншооти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дода шудааст.

Меҳмони олимақом нахуст якҷо бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мақбараи Баҳоуддин Нақшбандро зиёрат кард.

Ин маҷмуа яке аз зиёратгоҳҳои мубораки ҷаҳони ислом ба ҳисоб меравад. Зиёратгоҳи мазкур дар маконе, ки асосгузори тариқати Нақшбандия Баҳоуддин Нақшбанд ба хок супурда шудааст, бунёд гардида, ҳоло мақбара, хонақоҳ, масҷидҳо, дахма ва осорхонаи таърихи тасаввуфро дар бар гирифтааст. Таъкид гардид, ки тамоюли накӯи таълимоти Баҳоуддин Нақшбанд – шиори «Дил ба ёру даст ба кор» инсонро ба меҳнатдӯстӣ ва покии рӯҳӣ даъват мекунад.

Сипас, ба мақбараи Сомониён ташриф оварданд. Ин ёдгории меъморӣ яке аз иншооти қадимтарини бо хишти пухта сохташудаи Осиёи Марказӣ мебошад. Он дар охири асри IX – ибтидои асри X аз ҷониби асосгузор ва нахустин амири давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ ҳамчун мақбараи сулолавӣ бунёд гардидааст.

Дар симои меъмории он на танҳо анъанаҳои исломӣ, балки унсурҳои пеш аз ислом, аз ҷумла нақшҳои хоси фарҳанги суғдӣ низ таҷассум ёфтаанд. Таъкид гардид, ки вобаста ба тарзи афтидани нурҳои офтоб, нақшҳои мақбара ба таври гуногун ҷило медиҳанд ва шакли мукааб ва гунбазии бино рамзи ҳамоҳангии Замин ва Осмон мебошад.

Ба туфайли деворҳои ғафс, ки қариб ду метр паҳно доранд ва сифати баланди хиштчинӣ, ин ёдгории нодир то имрӯз хуб ҳифз шудааст.

Ҳангоми зиёрати мақбараҳо Қуръон тиловат намуда, дуо карданд, ки руҳи гузаштагон шод ва дар кишвар сулҳу осоишу фаровонӣ пойдор бошад.