Самтҳои рушди туризм муайян шуданд

    Ҳукумат 26 Aprel 2022 7054

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 26 апрел бахшида ба чораҳо оид ба густариши фарогирии хидматҳои сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори туристӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

    Саноати сайёҳӣ дар ҷаҳон то ҷое, ки маҳдудиятҳои дар давраи пандемия ҷоригардида пайваста суст мегардад, ба барқароршавӣ шурӯъ мекунад. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба мамлакати мо 610 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ омадаанд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд аст. Интизор меравад, ки ҷараёни сайёҳон дар моҳҳои оянда афзоиш ёбад.

    Дар ҷаласа сатҳи омодагии инфрасохтори сайёҳӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, камбудиҳо нишон дода шуданд.

    Аз ҷумла, ҷойҳо дар меҳмонхонаҳои Қароқалпоқистон, вилоятҳои Андиҷон ва Қашқадарё нисбат ба талабот ба онҳо паст аст. Дар вилоятҳои Навоӣ, Ҷиззах, Сурхондарё, Қашқадарё ва Тошканд аз имкониятҳои бузурги мавҷуда истифода намебаранд. Хидматрасонии сайёҳие, ки ба ҷавонон нигаронда шудаанд, хеле кам аст. Ташкили хидматҳои «барои тамоми оила» ва «ҳама чизро дар бар мегирад» суст пеш меравад.

    Аз 206 чашмаҳои термалӣ ва минералӣ танҳо 18-тоаш барои мақсадҳои сайёҳӣ истифода мешавад. Масалан, кӯлҳои Арашани ағбаи Қамчиқ, ки ҳарорати об тамоми сол 36 дараҷа гарм аст, аз ҷиҳати иқтидори сайёҳӣ аз осоишгоҳҳои хориҷӣ кам нестанд. Дар Чимбой, Қароӯзак ва Тахтакӯпир дар атрофи чашмаҳои термалие, ки оби ҳарорати онҳо 40-70 дараҷа гарм аст, санаторияҳо ташкил кардан мумкин аст.

    Имкониятҳои 122 музейи кишвар пурра истифода намешаванд. Онҳо зиёда аз 2,5 миллион ашёро дар бар мегиранд, ки 112 ҳазораш ёдгориҳои нодири таърих ва фарҳанги ҷаҳонӣ мебошанд.

    Дар ҷаласа чораҳои истифодаи чунин имкониятҳо ҷиҳати барқарор кардани нишондиҳандаҳои пеш аз пандемия дар соҳаи сайёҳӣ ва васеъ намудани доираи хизматрасонӣ баррасӣ шуданд.

    Таъкид гардид, ки, пеш аз ҳама, дар ҳар як минтақа лоиҳаҳои бузургеро амалӣ кардан лозим аст, ки сайёҳонро ҷалб мекунанд.

    Масалан, ҳар рӯз ҳазорҳо сайёҳони хориҷӣ ва маҳаллӣ ба маҷмӯъҳои «Водии афсонаҳо»-и Намангон ва «Амирсой»-и Бӯстонлиқ ташриф меоранд. Дар Хонобод бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ як лоиҳаи дигар оғоз гардид.

    Президент қайд кард, ки ин гуна ҷойҳо дар мамлакати мо бисёранд ва имкониятҳоеро номбар кард, ки то ҳол истифода нашудаанд.

    Ин, аз ҷумла, яке аз чуқуртарин ғорҳои ҷаҳон Бойбулоқ, ғорҳои Тешиктош, ки дар он ҷо боқимондаҳои одами неандерталӣ ёфт шудаанд, ёдгории фарҳанги қадимаи эллинӣ – қалъаи Узундараи Бойсун мебошад. Табиат ва иқлими минтақа барои рушди сайёҳӣ мусоид аст. Бо сохтани меҳмонхонаҳо, кемпингҳо, роҳҳои симин, хонаҳои меҳмонӣ 500 000 сайёҳро ҷалб кардан мумкин аст.

    Чунин имкониятҳо дар деҳаҳои Товоқсойи Бӯстонлиқ, Овҷасойи Оҳангарон, Янгиободи Ангрен, Миракии Шаҳрисабз, Нанайи Янгикургон, Чодаки Поп мавҷуданд.

    Имкониятҳои созмон додани минтақаҳои оббозӣ дар кӯлҳои Ашшикӯли Нуқус, Зикрикӯли Бухоро, Айдаркӯл ва Тузкони Ҷиззах, инчунин, дар минтақаи Чорбоғ зикр гардид.

    Барои бунёди шоҳроҳи сайёҳии Ӯзбекистон, ки аз ҳудуди 31 шаҳру ноҳия мегузарад, корвонсаройҳо, ки хидмати таваққуфгоҳҳо, кемпингҳо, хидматрасонии нақлиёти автомобилӣ, ошхона ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мерасонанд, тадбирҳо муайян карда шуданд.

    Дар Тошканд маҷмӯи хизматрасониҳои «барои 1000 доллар» ташаккул дода мешавад, ки ҳадафи он сайёҳони хориҷӣ дар шаҳр на камтар аз 3 рӯз монанд. Ин барнома боғҳои обӣ ва мавзӯӣ, кӯчаҳои ғизо ва савдо, консертҳо, намоишҳо ва фестивалҳоро, ки дар тӯли сол кор мекунанд, дар бар мегирад.

    Дар ҷамъомад масъалаҳои рушди туризми дохилӣ баррасӣ шуданд. Вазифа гузошта шуд, ки ҷараёни сайёҳони дохилӣ ба 10 миллион нафар расонида шавад.

    Аз ҷумла, аз 1 июли соли равон соҳибкороне, ки дар деҳаҳои сайёҳӣ хонаҳои меҳмонӣ, нуқтаҳои хӯрокворӣ ва савдо, муассисаҳои фароғатӣ кушодаанд, дар тӯли се сол андози муомилот ва андози иҷтимоӣ бинобар ставкаи як фоиз, инчунин ҳамагӣ 1 фоизи маблағи ҳисобшудаи андози амвол, андози замин ва об мепардозанд. Дар доираи барномаҳои соҳибкории оилавӣ вомҳо: то 50 миллион сӯм – барои бунёди хонаҳои меҳмонӣ дар деҳаҳои сайёҳӣ, то 300 миллион сӯм – барои сохтмони маҷмӯъҳо аз юрта ва хонаҳои экологӣ, то 300 миллион сӯм – барои сохтмони лагерҳои хаймаҳо дода мешаванд. Ҳар сол 200 нафар ҷавон аз деҳаҳои сайёҳӣ аз ҳисоби буҷа дар техникумҳои сайёҳӣ бепул таҳсил мегиранд.

    Ба ҳокимон оид ба беҳтар гардондани роҳҳо, таъминоти қувваи барқ, таъмин намудан бо оби ошомиданӣ ва алоқа дар деҳаҳои сайёҳӣ супориш дода шуд. Соли равон ба ин мақсадҳо аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 250 миллиард сӯм ҷудо карда хоҳад шуд.

    Зарурати офаридани сайтҳо ва иловаҳои мобилӣ зикр гардид, ки онҳо ба сайёҳони хориҷӣ дар ташкил намудани тамоми зинаҳои саёҳат кумак мерасонанд.

    Чорабиниҳои фарҳангӣ низ дар ҷалби сайёҳон нақши муҳим мебозад. Дар мамлакатамон 186 ҷашнвораҳои мухталиф, аз он ҷумла байналмилалӣ ташкил карда мешаванд. Онҳо имкони ҷалби иловагии як миллион сайёҳи хориҷӣ ва 5 миллион сайёҳи дохилиро доранд. Ба шахсони масъул супурда шуд, ки ин чорабиниҳоро дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бехатарӣ баргузор намуда, дар саросари ҷаҳон таблиғ кунанд.

    Соли ҷорӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз таътилҳои иловагӣ эълон шуда, дар 250 меҳмонхона ва осорхонаҳо тахфифҳо пешбинӣ шуда, боздид аз маконҳои сайёҳии зиёратӣ ройгон гардид, ки ба рушди сайёҳии дохилӣ такони калон бахшид. Дар натиҷа ба Бухоро ва Самарқанд иловагӣ 110 ҳазор сайёҳи дохилӣ ташриф овард. Дар ҳафтаи оянда ба муносибати иди Рамазон ҳамватанон метавонанд панҷ рӯзи дигар истироҳат кунанд.

    Сарвари давлат зарурати ҳавасмандгардонии саёҳатҳои дохилиро натанҳо дар арафаи ҷашнвора, балки дар тӯли тамоми сол қайд намуд.

    Барои ин аз соли ҷорӣ сар карда, таҷрибаи аз ҷониби ташкилотҳои давлатӣ пӯшондани 20 фоизи хароҷоти сафарҳои сайёҳии дохилии кормандони худ соле як маротиба аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавӣ ҷорӣ карда хоҳад шуд.

    Ба ғайр аз ин, аз 1 сентябр барои шаҳрвандоне, ки дар саросари кишвар саёҳат мекунанд, низоми баргардондани 15 фоизи арзиши билетҳои нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автобусҳо, 20 фоизи хароҷоти буду бош дар меҳмонхона, 50 фоизи арзиши чиптаҳо ба музей ва дигар объектҳои фарҳангӣ ҷорӣ карда хоҳад шуд.

    Ташкили самарабахши фаъолияти осорхонаҳо низ дар рушди сайёҳӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, дастур дода шуд, ки тамоми экспонатҳои осорхонавии кишвар аз рӯйхатгирии пурра гузаронда, пойгоҳи электронии онҳо таъсис дода, малакаи роҳбарону кормандони осорхонаҳо такмил дода шавад.

    Аз сабаби норасоии майдонҳои намоишгоҳӣ дар музейҳо ҳамагӣ як фоизи экспонатҳо намоиш дода мешаванд. Ба ғайр аз ин, аҳолӣ ба музейҳои дурдаст дастрасӣ надоранд. Аз ин рӯ, бояд дар доираи барномаи «Наздик кардани санъат ба одамон» намоишгоҳҳои сайёри осорхонаҳо дар минтақаҳо ташкил карда шаванд. Вазифа гузошта шуд, ки зиёда аз 4,5 ҳазор ёдгориҳои археологии мамлакат ба осорхонаҳои осмони кушод табдил дода шаванд.

    Яке аз воситаҳои муҳимтарини ташкили саёҳат нақлиёт мебошад. Имрӯз арзиши баланди нақлиёт яке аз омилҳои асосие боқӣ мемонад, ки садди роҳи ҷалби сайёҳони хориҷӣ мегардад. Хатсайрҳои арзони байналмилалӣ ва дохилӣ чандон зиёд нестанд. Барои гирифтани билет ба қатораи замонавии «Афросиёб» бояд чанд ҳафта пеш муроҷиат кард.

    Аз ин рӯ, ба Вазорати нақлиёт супориш дода шуд, ки инфрасохтори нақлиётиро дар соҳаи сайёҳӣ беҳтар созад.

    Ба мақсади қонеъ гардондани талаботи сайёҳон ба парвозҳо аз 1 июл ба хидматрасониҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар доираи барномаи «Сайёҳии зиёратӣ» то 50 фоиз тахфиф ҷорӣ карда мешавад. То 1 октябр барои хидматрасонӣ ба парвозҳои дохилӣ ширкати нави «Silk Avia» ташкил карда мешавад. Ба мақсади кам кардани хароҷот 9 самолёт пурра ба синфи сарфа гузаронда мешавад.

    Роҳбарони соҳа, ҳокимон ва соҳибкорон дар ҷамъомад нутқ эрод намуда, дар бораи нақшаҳояшон маълумот дода, таклифҳо пешниҳод намуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates