Дар оғози суҳбат роҳбари Туркманистон Сарвари давлатамонро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ самимона табрик гуфта, ба халқи бародари ӯзбек саодатмандӣ ва шукуфоӣ таманно намуд.
Динамикаи рӯзафзуни рушди муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон дар солҳои охир бо қаноатмандӣ қайд гардид.
Ҳамкории амалӣ дар саноат, энергетика, хоҷагии қишлоқ ва дигар соҳаҳо вусъат меёбад. Робитаҳо дар хати парлумонӣ ва мубодилаи башардӯстона вусъат ёфтанд.
Раҳбарони Ӯзбекистон ва Туркманистон доир ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ табодули назар карданд. Ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаи дуҷониба баррасӣ шуд.