Олимон усули соддаи пешгирии рушди саратонро номбар кардаанд

    Тандурустӣ 28 Avgust 2023 1673

    Ҳамагӣ панҷ дақиқа машқҳои ҷисмонӣ дар як рӯз метавонад хатари пайдоиши баъзе намудҳои саратонро 32 фоиз коҳиш диҳад. Донишмандони Донишгоҳи Сидней гуфтанд, ки ин намуди фаъолият ба иҷрои корҳои гуногуни хонагӣ, аз қабили пухтупаз, шустани зарфҳо ва тоза кардани манзил баробар аст.

    Дар таҳқиқот 22 ҳазор нафар ширкат доштанд, ки барои пайгирии фаъолияти ҳаррӯзаи ҷисмонӣ трекерҳои махсус доштанд. Таҳқиқот барои ҳафт сол гузаронида шуд. Дар ин муддат олимон дар бораи вазъи саломатии беморон маълумот ҷамъоварӣ намуда, беш аз 2000 нафар гирифтори навъҳои гуногуни саратон ташхис шудаанд, менависад lenta.ru.

    Ҳамин тариқ, маълум шуд, ки машқҳои фосилавии ҷисмонӣ имкони коҳиши хатари гирифтор шудан ба ҳама гуна намуди саратонро 18 дарсад ва дар сурати намудҳои саратони бевосита ба камфаъолиятӣ алоқаманд ҳатто 32 дарсад нишон додааст.

    Қаблан профессор ва мудири кафедраи беҳдошти ҷаҳонии ҷамъияти Донишгоҳи Эдинбург Деви Шридҳар ғизоҳои коркардшударо сабаби рақами яки саратон дар ҷавонон номида буд.

    Ба гуфтаи вай, ба рушди ин беморӣ тамокукашӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, фарбеҳӣ, камҳаракатии ҷисмонӣ ва хӯрокхурии нодуруст низ таъсир мерасонад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates