Дар ҳашт соли охир бо мақсади қонеъ кардани талаботи аҳолӣ ба манзил дар кишвар 120 миллион метри мураббаъ ё беш аз 600 ҳазор хонадон сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. Барои кӯмакрасонӣ ҷиҳати хариди манзил ба 541 ҳазор шаҳрванд 103 триллион сӯм кредитҳои имтиёзноки ипотека ва субсидияҳо ҷудо гардиданд.
Вусъат ёфтани доираи корҳои сохтмонӣ ба рушди саноати масолеҳи сохтмон такони бузург дода, ба «драйвер»-и аксар минтақаҳо табдил ёфт. Сатҳи урбанизатсия аз 40,3 фоиз дар соли 1991 то 51 фоиз расид.
Сарвари давлат ҳанӯз кофӣ набудани корҳои иҷрошударо таъкид кард. Ҳар сол дар саросари ҷумҳурӣ тақрибан 200 ҳазор оилаи нав ташкил мешавад. Ин маънои онро дорад, ки талабот ба манзилҳои нав, роҳҳо ва инфрасохтори иҷтимоӣ меафзояд. Илова бар ин, ҳоло ба ҳар як сари аҳолӣ ба ҳисоби миёна 18,9 метри мураббаъ майдони истиқоматӣ рост меояд. Барои дастикам ба 23 метри мураббаъ расонидани ин нишондиҳанда, то соли 2040 суръати сохтмони хонаву ҷойҳои навро то 280 ҳазор хонадон зиёд кардан лозим.
Бо ин мақсад, дар соҳаи шаҳрсозӣ идоракунӣ дар асоси низоми нави роҳандозӣ шуда, кумитаи алоҳида таъсис ёфт ва дар пеши он вазифаи марҳила ба марҳила афзоиш додани ҳаҷми сохтмони манзил гузошта шуд. Бахусус, соли 2026 сохтмони 140 ҳазор, соли 2027 – 150 ҳазор ва дар соли 2028 – 160 ҳазор хонадон ба нақша гирифта шудааст.
Президент таъкид кард, ки дар фароҳам овардани шароит барои рушди тиҷорат ва стартапҳо, ташаккули кластерҳои саноатӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани самарадории меҳнат урбанизатсияе, ки оқилона ташкил шудааст, нақши муҳим дорад.
Дар муаррифӣ ба масъалаи истифодаи босамари захираҳои замин низ диққати махсус зоҳир гардид. Тибқи ҳисоботи созмонҳои байналмилалӣ, васеъшавии бетартиби маҳалҳои аҳолинишин метавонад дар оянда боиси камбуди заминҳои кишоварзӣ дар баъзе минтақаҳо гардад.
Бинобар ин, зарурати таҷдиди фонди хонаву ҷойи фарсуда, афзунсозии саҳми реноватсия дар сохтмони манзил таъкид шуд. Дар ин раванд то соли 2040 саҳми реноватсияро аз 15 фоизи кунунӣ то 60 фоиз зиёд кардан, бунёди мавзеъҳои “Ӯзбекистони Нав”-ро васеъ намуда, зарурати ба 120 адад расонидани теъдоди онҳо қайд гардид.
Ҳоло раванди гирифтани иҷозат дар соҳаи сохтмон аз 9 марҳила иборат буда, ба ҳисоби миёна 90-120 рӯзро дар бар мегирад. Дар ҳоле ки дар таҷрибаи байналмилалӣ тавассути механизми « замини барои сохтмон омода» ин раванд ҳамагӣ 7-15 рӯзро талаб мекунад.
Пешниҳод гардид, ки ин низом дар мамлакат ҷорӣ карда шавад. Мувофиқи он, ҳамаи равандҳои омодагӣ ва расмикунонии иҷозатномаҳо пеш аз дар музояда гузоштани қитъаҳои замин анҷом дода мешаванд. Дар натиҷа, соҳибкор пас аз бурди замин дар музояда метавонад бидуни ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва тасдиқи иловагӣ, ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ба таври автоматӣ дарёфт намояд. Ба музояда гузоштани қитъаҳои замине, ки барои сохтмон омода нестанд, манъ карда шуда, ба таври шаффоф ва дар муддати кӯтоҳ татбиқсозии равандҳо таъмин мегардад.
Сифати сохтмон, пеш аз ҳама, ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, зарурати куллан беҳтар намудани фаъолияти ташкилотҳои «ТошкентбошпланЛИТИ», «ӮзшаҳарсозликЛИТИ», «ӮзГАШКЛИТИ» ва «Қишлоқ қурилиш лойиҳа», барои анҷоми кор ҷалб намудани мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ ва ҷорӣ кардани низоми муосири идоракунӣ таъкид гардид.
Барои дуруст ва босамар ба нақша гирифтани равандҳои урбанизатсия ва сохтмони манзил бояд аз технологияҳои рақамӣ васеъ истифода намуд. Дар тақдимот дар робита ба ин, созмон додани низоми иттилоотии “Манзил”, ки пойгоҳи ягонаи маълумоти нақшаҳои генералӣ ва мастер-нақшаҳо, пойгоҳи қитъаҳои замини барои сохтмон омода – «Бонки замин», пойгоҳи ягонаи геоахбории хонаҳои бисёрошёна, низоми «эскроу», рейтинги ширкатҳои сохтмонӣ ва дигарро дар бар мегирад, пешниҳод карда шуд.
Президент пешниҳодҳои ироашударо ҷонибдорӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати татбиқи пайвастаи равишҳои бонизом, санҷидашуда ва дарозмуддат, инчунин таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои муайянгардида супоришҳои дахлдор дод.