Фанҳои имтиҳон барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 тасдиқ шуданд

    Таълим 31 Mart 2022 2191

    Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон рӯйхати фанҳоеро, ки аз рӯи онҳо дар соли таҳсили 2021-2022 аттестатсияи давлатии ниҳоии хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-уми мактабҳо гузаронда мешаванд, тасдиқ кард.

    Тибқи иттилои Вазорати таълими халқ, хатмкунандагони синфи 9-ум аз забони модарӣ ва адабиёт, забони ӯзбекӣ/русӣ, математика, таърих, тарбияи ҷисмонӣ ва як фан бинобар интихоби хонанда имтиҳон месупоранд.

    Хатмкунандагони синфи 11-ум аз забони модарӣ ва адабиёт, математика, забони хориҷӣ, таърих ва як фан бинобар интихоби хонанда имтиҳон месупоранд.

    Саволҳои намунавии назоратӣ оид ба фанҳои ниҳоии аттестатсияи давлатӣ аз рӯи ҳамаи забонҳо, ки дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ омӯзонда мешаванд, аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии таълим тартиб дода, дар сомонаи он (rtm.uz) нашр хоҳад шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates