Сабаби ин мушкилоти логистикӣ дар бандарҳо ва хатсайрҳои роҳи оҳан (контейнерҳо бо бор дертар то шаш моҳ меоянд), инчунин қатъи интиқоли нимноқилҳо дар саросари ҷаҳон мебошад.

Бино ба иттилои хидмати матбуоти ширкати “UzAuto Motors”, сарфи назар аз истеҳсоли шабонарӯзӣ, навбатпоӣ дар автосалонҳо афзоиш меёбад.

«Дар ин шароит ширкат, ба ҷуз аз пайравӣ намудан ба як қатор мошинсозони ҷаҳонӣ, муваққатан аз 20 декабри соли 2021 то 1 феврали соли 2022 боздоштани қабули дархостҳои нав ба фурӯши мошинҳои " Nexia", "Spark," "Cobalt", "Lacetti" ва сафарбар намудани тамоми қувваи худ ба истеҳсоли мошинҳои пешакӣ дархостшуда чораи дигаре надорад. Маҳз бо ҳамин мақсад завод дар муҳлати муайяншуда кор мекунад. Қабули ин қарор барои мо осон набуд, аммо дар шароити кунунӣ ширкат истеҳсоли мошинҳоро тибқи фармоишҳои қаблан қабулшуда авлавияти аввалиндараҷаи худ мешуморад” -- изҳор намуданд дар ширкат.

"UzAuto Motors" аз харидорони эҳтимолӣ, ки муваққатан имкони фармоиши мошини навро надоранд, узр мепурсад.